ТАВАҶҶӮҲ БА ТАЪРИХ АЗ НИГОҲИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ (ё худ тамошои осорхона гуноҳ нест!)

  • Posted on: 3 August 2018
  • By: admin

Таърих  ҳамеша ба сифати бахши муҳиме дар ҳаёти дониста мешавад. Ҳар касе, ки таърихи гузаштагони худро намедонад, ӯ дар дилхоҳ ҷомеа ба ҳайси як инсони закиву бофарҳанг пазируфта намешавад. Ҳар шахсе чун бихоҳад, ки ба қавме таваҷҷуҳ кунад, сараввал ба суроғи таърихи он қавм меравад. Чун бо таърихи гузаштаи қавм ошно шуд, аалакай фикрҳои худро нисбат ба ин қавм хулоса мекунад.

Бояд гуфт, ки таърих ва таърихнигорӣ шуҳрати ҷаҳонӣ дорад ва ин падидаи нав нест, балки ҳанӯз аз замонҳои қадим мардум ба таърих таваҷҷуҳи хоссе дошаанд. Донистани таърих дар дини мубини ислом натанҳо манъ нест, балки исломи мубин ба он таваҷҷуҳи хоссе мабзул гардидааст. Чунонки Худованди мутаол дар Қуръони азимушшаъни худ Паёмбари гиромии худ (саллаЛоҳу алайҳи ва саллам)-ро аз таърихи гузаштагон борҳо хабар додааст. Инчунин дар Қуръони карим қиссаҳои Паёмбароне, ки пеш аз Паёмбари мо (саллаЛоҳу алайҳи ва саллам) гузаштаанд, зикр шудаанд, то уммати охирин Паёмбар аз таърихи умматҳои гузашта  огоҳӣ дошта бошанд. Ва низ қиссаҳои қамвҳои саркаш мисли Од ва Самуд ва Фиръавну Намруд такрор ба такрор барои ибрати мардум омадааст.

Табиист, ки роҳу василаҳои ошноӣ бо таърихи гузаштагон бо гузашти вақт мухталиф мегарданд. Масалан, дар замонҳои гузашта таърихи гузаштагон бо роҳи қисса намудан аз насле ба насле меомад ва дар замони муосир роҳҳои таърихнигорӣ ҳам натанҳо ба қисса кардан маҳдуд мегардад, балки аз тариқаи дар намоиш гузоштани осори бозёфтҳои атиқа дар осорхонаҳо ба роҳ монда шудааст.

Боиси хушнудист, ки чанде пеш бо тасмими Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди дастаҷамъонаи ходимони дини кишвар аз Осорхонаи миллӣ таъмин карда шуд. Мутаассифона, ҳолатҳое ҳам буданд, ки бархе аз ашхоси ноогоҳ аз асли таълимоти ислом нисбат ба ин тадбири нек вокуниши манфӣ нишон додаву ҳатто боздиди ходимони дин аз осорхонаро “гуноҳ” хонданд. Бехабар аз он, ки агар донистани таърихи гузаштагон гуноҳ мебуд, ё кароҳате медошт, ҳеҷ гоҳ Худованди мутаол ба Паёмбараш таърихро бозгӯ намекард.

Имрӯз касоне, ки ба  мамлакатҳои дуру наздики хориҷ, хусусан мамлакатњои исломї сафар мекунанд, аксарият аз осорхонаҳои он мамлакат ҳатман дидан мекунанд, то дар баробари дидани ободиву пешрафтҳои онҳо бо таърихи гузаштагони онҳо низ ошно гарданд. Бо ҳамин мақсад, дар Тоҷикистони азизи мо низ осорхонаҳо вуҷуд доранд. Хусусан осорхонаи миллӣ, ки бо маҳорати баланди хосси замони ҳозира қомат афрохтааст. Сохти ин бино бисёр ҷаззоб ва зебост. Кас вақте дохили он мешавад, аз шукуҳи ин бино ва тарзи ҷобаҷогузории осорҳои атиқа ба ваҷд меояд.

Дар  осорхона бозёфтҳо ва катибаҳое аз замонҳои қадим ва аз сулолаҳои Сосониён ва Кушониён ва Сомониён ва инчунин харитаи давлати Сомониён ба чашм мехӯрад, ки хаёли касро ба гузуштаҳои дур мебарад.

Дар осорхона бо китобҳои нодире чун “Чор унсур”-и Бедил, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва  “Равзатус-сафо”- и Мирхонд, ки чопи сангии асри Х1Х аст, рӯ ба рӯ меоед, ки намунаи табъу нашрҳои қуруни наздики гузаштааст. Инчунин бо осори гаронбаҳои дастнависи адибони қарнҳои гузашта чун “Шавоҳиддун нубувват”-и Ҷомӣ, “Зиннату-л-маҷолис”-и Муҳаммад Ҳусайн, “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Фавоидуз зиёия”-и Ҷомӣ, ки ҳамагӣ аз асрҳои ХV­Х1Х то асри мо омада расидаанд, ошно мегардед.

Дар осорхонаи мазкур нусхаи номаҳои Паёмбари гиромии мо (саллаЛоҳу алайҳи ва саллам) ба Хусрави Парвиз-малики ҳамқарни форсаш вуҷуд дорад. Инчунин амсилаи Каъба, ки тӯҳфаи Арабистони Саудист, калиди рамзии Каъба ва порае аз кисваи (парда) Каъба зеби ин осорхонаанд, ки ба Пешвои миллати аз ҷониби мулуки ин мамлакат ҳадя  шудаанд.

Хулоса тамошои ин осорхонаву осорхонаҳои дигар ва огаҳӣ аз таърихи дуру наздики гузашта на ин ки дар дини мубини ислом манъ нест, балки чунонки аз қиссаҳои қуръонӣ бармеояд, ба онҳо диққат бояд дод ва панд бояд гирифт.

Ҷамолиддин Хомӯшов,

сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исомӣ