РОҒУН – МАНБАИ УМЕДИ НЕКИ МО БА ФАРДО

  • Posted on: 8 August 2018
  • By: admin
Саидмукаррам Абдуқодирзода

Ҳар гоҳ, ки сухан аз боби неругоҳи Роғун ва ин ё он хабари нек аз ин минтақа паҳн шавад, худро хеле хушҳол ҳис мекунем, ба он сабаб, ки ҳама умедҳои мо, ояндаи босаодати ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аз ин сохтмон вобастагӣ дорад. Аз ин хотир, сафари ба қарибӣ анҷомшудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба иншооти аср-НБО Роғун иқдоми нек меҳисобам, зеро аниқ медонам, ки бо рафтани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба Роғун вазъият ранги дигар мегирад, корҳо тезонида мешаванд ва суръати бунёдкорӣ дар ин иншооти аср афзоиш меёбад. Зеро Сарвари давлат он чиро мебинанд ва дарк мекунанд, ки мо намедонем ва намебинем. Мо зоҳири корҳоро мебинем, ҳисоботҳоро гӯш мекунем, аммо Роҳбари давлат дохили вазъро, холати аслии корҳоро мебинанд ва таҳлил мекунанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили корҳои иҷрошуда ва омодагӣ барои ба истифода додани чархаи аввали неругоҳ таъкид доштанд, ки ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ - таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар барои рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аҳаммияти ниҳоят бузург дорад.

Афзалият додан ба соҳаи гидроэнергетика ва бунёди иқтидорҳои нави энергетикӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ натиҷаҳои самарабахши худро дода истодааст.

Пешвои миллат дастур доданд, ки барои расидан ба ҳамаи мақсаду мароми нек бояд уҳдадориҳо босифат иҷро гардида, корҳои сохтмонӣ, сарфи маблағҳои буҷетӣ таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шаванд. Муждаи неки ин сафар ҳамин аст, ки навбати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар фасли тирамоҳи соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.

Итминони комил дорам, ки агар чархаҳои аввалини ин неругоҳ тирамоҳи ҳамин сол ба кор дароянд, агар заррае камбудӣ дар соҳаи барқ бошад, он бартараф хоҳад шуд. Барқ дар ҳама ҷо фаровон хоҳад шуд, барқ, ки шуд, албатта, корхонаҳо низ гардон мешаванд, мардум дигар аз мушкилоти марбут ба барқ озод мегарданд.

Барои чунин иқдом бояд ба Сарвари хирадманд ва фозилу оқили давлат, раҳбару раҳнамои мо дар зиндагӣ ташаккур бояд гуфт. Чашми умеди ҳамаи мо ба сӯи Роғун аст, ба сӯи манбаи нур, Худованд ин умедҳоро иншоаллоҳ амалӣ хоҳад кард, чунки дар ин роҳ ҳамаи ниятҳо холисанд, зеро он чизе, ки ба манфиати мардум аст, Худо низ ҷонибдори он аст. 

Саидмукаррам Абдуқодирзода

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ