ХИЁНАТКОРИ ВАТАН МАҲБАС ШУД

  • Posted on: 10 July 2018
  • By: admin

Саид Қиёмиддини Ғозӣ ибтидои солҳои навадум супоришҳои махсуси хоҷагони эрониро дар Тоҷикистон пиёда месохт, байни гирдиҳамомадагони майдон мазҳаби шиаро талқин менамуд. Баъди ба кишвари Афғонистон фирорӣ гаштани ТЭТ ҲНИТ ӯ мубаллиғиро қувватноктар гардонда, қисме аз ҷавонони гурезаро барои гузаштан аз курсҳои махсус ба Эрон мебурду ба таҳсил ҷалб месохт. Тавре ки дар филми мустанади “Решаҳои ноаён” ба назар мерасад, худи Қиёмиддини Ғозӣ иқрор мекунад, ки наҳзатиҳо бо баҳонаи дастгирии қишри гуреза ё муҳоҷирини иҷборӣ 10 миллион доллар аз Эрон гирифтаву байни ҳам тақсим кардаанд.

Саид Қиёмиддини Ғозӣ дар доираи фаъолияти наҳзатиҳо пешкор, воиз ва мубаллиғи ҳизб, гумроҳкунандаи мардум, нооромгардонандаи авзоӣ сиёсӣ, даъваткунандаи аз байн бурдани сохти конститутсионӣ ва ҳукумати амалкунанда, барпо кардани давлати исломӣ буд. Бо воизии худ мағзи ҷавонони аз дину сиёсат пурра ноогоҳро нозуконаю ноаён “мешуст” ва заҳрогин мекард, ба қавле онҳоро аз сари нав “мусулмони ҳақиқӣ” мегардонд, то ин ки аз ҳама гуна супоришу фармонҳои наҳзатиҳо сарпечӣ карда натавонанд. Мехост ТЭТ ҲНИТ сари қудрат омада, ба гардиши мардум ишкел зада, бо ин роҳ фармонравоӣ ба даст ояд ва пас он ғаразҳои сиёсию иҷтимоӣ ва молумулкиашонро рӯи об бароранд. Барои ба ин ҳадафҳои нопок расидан алоқаро ваю ҳамроҳонаш бо давлати Эрон пайвастанд.

Супориши дигари аз хоҷагони бегона гирифтаи Саид Қиёмиддини  Ғозӣ байни муҳоҷирони Русия ташвиқу тарғиби шиамазҳабӣ, кинаи онҳоро нисбат ба давлати ба роҳи тараққиёт воридгаштаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз нав бедор кардану бо дасти онҳо оянда боз як табаддулоти навбатӣ барпо кардан буд. Аммо Парвардигори пок ба чунин бадтинатони дилсиёҳ, рубоҳмиҷозони одамсурат, гургони хуношом имкони идомаи дуру дарози бадкирдорӣ намедиҳад, дер ё зуд онҳоро ба чоҳ меафтонад. Ва воқеан ҳамин тавр шуд. Саид Қиёмиддини Ғозӣ бо дастгириву маблағгузории хориҷиён бояд барои табоддулоти оянда дар Тоҷикистон заминагузорӣ менамуд, аммо хушбахтона ба даст афтод ва ба муҳлати 25 сол равонаи зиндон гардид.

Тавре дар филми “Решаҳои ноаён” дидем,  Саид Қиёмиддини Ғозӣ соҳиби 8 зан, 25 фарзанд будааст. Магар диндорӣ, мусулмонӣ, қуръонхонӣ барои чунин амалҳо носавоби нафсонист? Не, ин рафтор маънии бадном кардани дини имубини ислом ва эҳтиром надоштан нисбат ба Қуръони азиммушаънро дорад. Акнун, ки ин инсони касиф барои гуноҳҳои содиркардааш паси панҷара хоб аст, занону фарзандони бешуморашро, ки ғамхорӣ ва парасторӣ менамояд?

Имрӯз Муҳиддини Кабирии хиёнаткор, мазҳабфурӯш дар хориҷӣ кишвар ба бадном кардани Ҷумҳурии гулгулшукуфони Тоҷикистони азизи мо машғул мебошад. Ва мехоҳад боз маротибаи дуюм ниятҳои нопокашро пиёда намояд, замини поки кишварро боз оғуштаи хун гардонад, хилофати исломӣ парпо созад. Аммо ин инсони сиёҳтинат бояд донад, ки акнун он давраҳои “мағзшӯӣ”-и одамон ва ба фиребхалтаи худ андохтану боз ҷони сад ҳазор нафари дигарро рабудан гузашт.

 

 Ҷумабек Наботов,

сармутахассиси Раёсати  иттиҳодияҳои динии Кумита