ТЭТ ҲНИ-ТАРҒИБГАРИ ШИАИ ДУВОЗДАҲИМОМА

  • Posted on: 29 August 2018
  • By: admin

Чун барқ ба хирманам гузар кард,

Аз лаззати сӯхтан хабар кард.

                                                       Муҳаммад Иқбол

Боиси хушбахтист, ки аҳли илму адаби кишвар, олимону донишмандон, ҷавонон, пирони барнодил, модарону падарони равшанфикр андешаву назари хешро ҳам аз нигоҳи масоили илмӣ ва ҳам аз нигоҳи таҷрибаи рӯзгор ва фаҳмидаҳои хеш оид ба фаъолияти разилонаву хоинонаи аъзоён ва пайравони ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ нашр намуда, дар маҷаллаву рӯзномаҳои даврӣ, шабакаҳои иҷтимоию сомонаҳои интернетӣ паҳн карда истодаанд. Акнун вақти он расидааст, ки миллати тоҷик беш аз пеш зираку худогоҳ бошад. Душманони миллати тоҷик бо макру ҳилаҳои худ қаноат накарда, ошкоро душман будани худро нишон дода истода, бар алайҳи давлату миллати худ хиёнат намуда истодаанд.

Шоми 13-уми августи соли 2018 филми мустанадеро дар телевизиони «Тоҷикистон» ба намоиш гузоштанд, ки дубора парда аз аъмоли хоинона ва террористии ҳизби мамнуъи ҲНИ бардошта шуда ба мардум кӣ ва чӣ будани ин ҳизб ошкор гашт. Дар ҳақиқат, филми мазкур аз забони пайравони воқеии ТЭТ ҲНИ хеле воқеъбинона таҳия шудааст.

Айёмиддин Сатторов мегӯяд, ки қариб чил сол дар паҳлуи сардорони ҲНИ Саид Абдулло Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода будаст ва имрӯз бо эътирози ҷиддӣ эълон мекунад, ки дигар аз ин гурӯҳ нест ва сабабҳои аз ин ҳизб даст кашиданашро як ба як  баён медорад: Аввал ин ки раҳбари имрӯзаи ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ тамоми ойинномаву барномае, ки ҳизб дошт, поймол кард, дар атрофи худ ҷавонони бесаводу беэътиқодро, ки онҳо таълимоти шиагароии Ҷумҳурии исломи Эронро гирифтаанл, ҷамъ кард. Дигар ин ки Муҳиддин Кабирӣ аслан шахси мазҳабӣ нест, мақсади ӯ хизмати дини ислом нест, барои ба мақсадҳои худ расидан яъне ба мақсадҳои тиҷории худ расидан ҳизбро як василаи зинапоя ташкил дода, мехост ба воситаи номи ҳизб ва байрақи ислом ба мақсадҳои тиҷории худ бирасад, миллионҳо доллар ҷамъ карда, бозорҳо сохт, қасрҳо сохт, мошинҳои қимат харид ва имрӯз ҳам бошад, дар хориҷ рафта дар тамоми гӯшаву канори Туркияву Аврупо ҳама шароитҳои худро муҳаё кардааст, яъне зиндагии худро хуб ба роҳ мондааст.

Аёмиддин Саторов мегӯяд, ки вақте мо саркардаҳо ва муллоҳои ҳизб бо якдигар суҳбат мекардем, гила карда мегуфтем, ки ин ҷавони нав, яъне Муҳиддин Кабирӣ имрӯз худашро раҳбари ҳизб кардааст. Ин аз куҷо омад? ин як одами тасодуфи дар ин ҳизб аст, ҳеҷ кас инро намешиносад, дар ҳизб аз куҷо омад, шояд ки ин ягон ҷосус бошад, дар дохили ин ҳизб? мумкин ҷосуси ягон давлат бошад, мумкин ҷосуси Эрон бошад? “имрӯз ман инро қарзи имонии худ мешуморам, ки мардумро аз хатарҳои шуми Ҷумҳурии исломии Эрон, ки ба мардуми ва давлати мо хатар дорад, огоҳ кунам”-мегӯяд Айёмиддин Сатторов.

Ӯ мегуяд, ки Муҳиддин Кабирӣ вақте ба дасти наҳзатиҳо афтид, ӯро дар зери таълимоти шиа, зери таълимоти хадамоти махсуси Эрон омода карда, ӯро ба Ҷумҳурии Яман мефиристанд то ки дар онҷо таҳсил кунад ва мардум гумон кунанд, ки ӯ таълими исломии суннӣ гирифтааст, яъне шиагиашро рӯпӯш карданӣ шуданд, вале ҳама хараҷотҳояш аз кӯмакҳои молии Ҷумҳурии исломии Эрон мешуд.

Сатторов Айёмиддин ёдовар мешавад, ки “дар соли 2015 ман яке аз аъзоёни ҲНИ, шоҳиди ҳол будам, вақте ки Муҳиддин Кабирӣ дар интихоботи 2015 муваффақ нашуд, ба аъзоёни ҳизб Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода амр карда, гуфт ки мо бо роҳи қонунӣ натавонистем, бо роҳи зуроварӣ табаддулот карда, ҳокимиятро ба даст мегирем”. Сатторов Айёмиддин мегӯяд, “вақте ки гуреза шудем, ҷавононро ҷамъ карда ба дасти онҳо силоҳ додем, ба воситаи ҷавонон мехостем, ки боз дар Тоҷикистон нооромӣ биёварем, нақшаҳои шуми давлати исломии Эрон, ки дар зери ниқоби дустӣ амал мекарданд, мо дӯсти Тоҷикистон ҳастем гӯён дар Тоҷикистон амал мекарданд”.

“Барои иҷро намудани нақшаҳои фасоди худ Муҳиддин Кабирӣ шахси боэътимодаш Кузов Мирзораҳим (Шонаим)-ро масъул оиди омода намудани ҷавонони тоҷик ба “даргириҳо” дар хориҷа таъйн намуд. Кузов Мирзораҳим Наимович маро ба Эрон даъват кард, вақто ки ман ба Эрон рафтам, маро бародараш Кузов Рустам пешвоз гирифта, ба назди Шонаим бурд. Дар он ҷо бо ӯ вохӯрдам, дар он ҷо Шонаим вазъиятро ба мо фаҳмонид. Гуфт, ки мо дар пойгоҳҳои низомии Мозандарон, Ароқ, Парвиз, Гумиҳан ҷавононро ҷамъ кардаем ва онҳоро таълимоти низомӣ дода истодаем, вазифаи шумо-домулло ин аст, ки онҳоро аз лиҳози рӯҳӣ ва маънавӣ барои ҷиҳод омода намоед. Баъдан ман бо Сафаров Шермаҳмад (бо лақаби “шери Язғулом” ёд мешуд) вохӯрдам, чанде мо дар он ҷо ба ҷавонон таълим додем, ӯ бо ҳамроҳии ҳафт нафар бо фармони хадамоти амниятии Ҷумҳурии исломии Эрон ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон интиқол дода шуд, то ки дар он ҷо рафта пойгоҳҳои низомии худро мустақар кунад ва бо воситаи ҷангҷӯёни “Толибон” ва дигар гурӯҳҳои террористии тундраве, ки дар он макон ҷамъ шудаанд, алоқа барқарор карда, омода шавед, то замоне ки дигар қувваҳо расида дохили Тоҷикистон гарданд ва вазъияти Тоҷикистонро ноором созанд”.

Сатторов А. Яке аз аъзоёни ТЭТ ҲНИ бори дигар ҳизби террористӣ будани ин ҳизбро нишон дод, ки ин гӯруҳ солҳои зиёд дар таълиму тарбияи ифротии ҷавонон чи дар дохилу, чи дар хориҷ кӯшишҳои зиёде карда, имрӯзҳо мо мардуми шарифи Тоҷикистон меросбарони ин ҳизбро дида истодаем. ТЭТ ҲНИ барои осоиштагӣ ва оромии миллати тоҷик ҳамеша хатар эҷод мекунад. Далел ин аст, ки имрӯз раиси он Муҳиддин Кабирӣ аз хориҷ истода мехоҳад, ки дасисаву фитнаҳои худро ба воситаи меросбарони ҳизби нохалаф дар Тоҷикистон ба миён орад.

Ман гуфтаҳои Сатторов Айёмиддинро тасдиқ мекунам, вале дар баъзе гуфтаҳояш нофаҳмиҳо ва ноаёниҳо ниҳон аст. Ба қавли Сатторов Айёмиддин гӯё то омадани Муҳиддин Кабирӣ ТЭТ ҲНИ дар замони Абдуллоҳи Нуриву Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар чорчӯбаи ислом сохта шуда буд ва амал мекард. Ин комилан нодуруст аст. Дурусташ ин аст, ки дар равияи шиаи дувоздаҳимома будани ҲНИ-ро дар ҳоле фаҳмидам, ки шаш моҳ пеш аз дигарон ман ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон рафтам, бо марҳум устод Раббонӣ ва марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд ва дигарон шиносоӣ пайдо кардам. Вақте ки боқимондаи аъзоёни ҳамонвақтаи ТЭТ ҲНИ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон омаданд, хостанд, ки бо марҳум устод Раббонӣ ва марҳум Аҳмадшоҳ Масъуд вохурӣ намоянд. Ман онҳоро ба назди марҳум устод Раббонӣ ва марҳум Аҳмадшоҳ Масъуд бурдам. Устод Рабонӣ пурсиданд: инҳо кистанд? Домулло Муҳаммадшариф гуфт, ки ман раиси ҲНИ дар Тоҷикистон ҳастам, боз ба тарафи  домулло Абдулло нигариста пурсид шумо кӣ ҳастед?, оё шумо муовини раиси ҲНИ дар Тоҷикистон ҳастед? Мулло Абдулло ҷавоб дода гуфт: не, ман раҳбари рӯҳонии ҲНИ ҳастам, инҳо ҳама маро итоат мекунанд. Марҳум устод Раббонӣ ба онҳо гуфт, ки ташкилоти шуморо барҳам дода, аз нав месозем, барои он, ки бо ин сохтори ташкилотӣ шумо дар Афғонистон рӯз гузаронида наметавонед.  Мулло Абдулло гуфт: чаро? Марҳум устод Раббонӣ ҷавоб дод, ки  барои он ки сохторе, ки шумо истифода мекунед, аз сохтори ташкилотҳои шиаҳои дувоздаҳимома аст. Ман дар ҳамон вақт фаҳмидам, ки ин ҳизб бо таъсиси шиаҳои дувоздаҳимома ба дасти Абдулло Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода  дар Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Мутаассифона, кишвари Эрон аз “вазъияти мусоид” истифода намуда, равия ва ҷараёнҳои динӣ-мазҳабии барои мардуми мо бегона ва хатарнок дар дину зиндагиамонро вориди кишвари азизамон намуданӣ шуд. Баъзе аз доираҳои мазҳабии Эрон гурӯҳе дар зоҳир аз пайравони Исломро дар доираи ТЭТ ҲНИ муттаҳид ва маблағгузорӣ  намуда, мавриди истифода ва татбиқи манфиатҳои хеш қарор дода истодаанд.

Бояд гуфт, ки ТЭТ ҲНИ ва саркардагони ӯ зери роҳбарии бевоситаи Ҷумҳурии исломии Эрон фаъолият намуда буданд, фаъолият карда истодаанд то ҳол ва низ дар оянда фаъолият карданиянд, вале ҳеҷ вақт ба мақсади худ намерасанд, зеро ки бори каҷ ба манзил намерасад. Айни замон ТЭТ ҲНИ яке аз муҳимтарин ниҳоди Ҷумҳурии исломии Эрон ҳисобида шуда, ҳифзу нигоҳдории режими исломӣ, интиқоли инқилоби исломӣ ва паҳнсозии мазҳаби шиаи дувоздаҳимома ба кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон вазифаҳои аввалин дараҷаи ин сохтори  террористӣ мебошад, ки ба воситаи ҷангҷӯёни фитнаангез мехоҳад фикру ақидаи шуми шиагароии худро амалӣ намояд.

Роҳбарону пайравони гурӯҳи террористии ҲНИ боре ҳам ба худ суол кардаанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Афғонистону Сурияро ба сари миллати худ меоранд? Оё хабар доранд, ки дигар бо ин афкору ақидаи бегонаашон аз эътимоди мардум сӯистифода карда наметавонанд. Мехостанд бо зӯрӣ ҳокимиятро ғасб намуда, манфиатҳои хоҷагони хориҷиашонро татбиқ созанд, аммо ин фикри онҳо хаёли хом мебошаду бас, чунки мардуми мусулмони тоҷик дигар ба доми чунин хиёнаткорони ватанфурӯш намеафтанд, зеро онҳо сарвари хирадманде ба мисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доранд, ки бисёр оқилу доно ва воқеан ҳам, ватандӯсту қавиирода мебошад. Мардум бошанд, дар атрофи Пешвои миллат ҷамъ гардида, кишвари азизи худро боз ҳам ободу зеботар мегардонанд.

Дидаи маънӣ кушо, эӣ зи аён бехабар,

Нимаи оташ ба бар, лола қамар дар қамар.

                                                       Муҳаммад Иқбол

Раҳим Каримов,

Декани факултети филологияи

Шарқи ДИТ ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа (р)