БОЗГАШТИ ҲОҶИЁН БА ВАТАН

  • Posted on: 1 September 2018
  • By: admin

Нимаи рӯзи 1-уми сентябр гурӯҳи навбатии 210 -нафарии зоирони тоҷик тавассути ширкати ватании “Тоҷик-эйр” аз шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ ба Ватан баргаштанд. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҳоҷиёни тоҷикро намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва наздикону пайвандон истиқбол намуданд. Зимнан, ин дуюмин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик аст, ки баъди адои маносики ҳаҷ ба Ватан бармегардад. Шоми дирӯз, 31-уми август бозгашти нахустин гурӯҳи ҳоҷиён тавассути фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд сурат гирифт. Бозгашти ҳоҷиёни тоҷик то 15-уми сентябр идома меёбад.