Мақолаҳо

САДАҚАИ ФИТР ВА ҲИКМАТҲОИ ОН

  • Posted on: 7 June 2018
  • By: admin

Беҳтар он аст, ки инсон садақаи фитрро ба бенавоёни наздикон ва пайвандони худ бидиҳад (вале набояд пайвандонаш падару модар ва бобоёну бибиҳо ё фарзандону наберагон бошанд) аммо бар хоҳару бародар, тағову амак ва аммаву холаҳое, ки шарти бенавоиро доро бошанд, пардохт карда мешавад. Дар қиёс бо закоти мол ҷумҳури уламо ба он назаранд, ки бояд садақаи фитр ба шахси мусулмон дода шавад, вале мазҳаби мо ҳанафиҳо пардохтани онро ба аҳли зимма (нафароне, ки мусулмон нестанд, вале дар кишвари мусулмонон зиндагӣ мекунанд)- ро иҷозат додааст.

ТО БИТВОНӢ ЗИЁРАТИ ДИЛҲО КУН…

  • Posted on: 6 June 2018
  • By: admin

Ҳамин ҷавҳари баланд, яъне инсондӯстӣ, арҷ гузоштани шахсияти инсон ва дар маҷмӯъ «зиёрати дилҳо» кардан аслу моҳияти маънавии суханронии Пешвои муаззами миллатро дар мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ташкил медиҳад, ки ин аз хиради баланд, муҳаббати самимии ин Раҳбари бузургу созанда, сулҳофару ватандӯст ва миллатпарвару мусалмони воқеӣ сарчашма мегирад. Мо ходимони динро лозим аст, ки дар пайравӣ ба Пешвои миллати худ худ ва мардумро ба сӯи «зиёрат кардани дилҳо», яъне шоду мамнун кардани қалбҳои ҳамватанони худ раҳнамоӣ ва насиҳат кунем.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ПОЯГУЗОРИ ТАМОМИ ТАШАББУСУ ИҚДОМҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ОБ

  • Posted on: 5 June 2018
  • By: admin

"Мо мардуми ташнаи об гумон доштем, ки мардуми тоҷик низ монанди мо аз камобию беобӣ дар азобанд, ки Сарвари давлати тоҷикон аз минбари баланди СММ масъалаҳои оби тоза ва ҳифзи манбаъҳои онро ба миён гузоштанд. Вақте ба Тоҷикистон омадаму рӯдҳову чашмаҳои мусаффоро дидам, кӯҳҳову кӯлҳои бешуморро дидам, боғу бӯстонҳо, неъматҳои фаровони аз замину об рӯидаро дидам, мардуми меҳнатдӯст, меҳмондӯсту меҳмоннавоз ва соҳиби дасту дили кушодро дидам, бемуҳобо худро дар биҳишти ҳақиқӣ ҳис кардам. Баъдан фаҳмидам, ки Шумо, Ҷаноби Олӣ, на танҳо ғаму дарди халқи худро мехӯред, балки бори ғаму дарди тамоми мардуми сайёраро бар дӯши худ доштаед.

ИТТИҲОДИ МО НОГУЗИР АСТ

  • Posted on: 29 May 2018
  • By: admin

Раванди ҷаҳонишавӣ, ки дар замони муосир бо падидаву зуҳуроти мусбату манфии худ оламро фаро гирифтааст, пешорӯи давлату миллатҳо масъулиятҳои тозаро мегузорад. Новобаста аз майлу хоҳиши дилхоҳ ҷомеа ин ҷараён ба маҷрои зиндагонии аҳли сайёра ворид гардида, омезиши фарҳангу тамаддунҳоро ба миён меорад ва ин омезиш метавонад ба манфиат ё зарари дилхоҳ ҷомеа бошад.

ЗАМОНА МАСЪУЛИЯТРО ТАҚОЗО МЕКУНАД

  • Posted on: 24 May 2018
  • By: admin

Дар Қонун шабгардии беҳудаву бидуни назорати калонсолон, сайругашт кардан  манъ карда шудааст, ки риояи ин талаботи қонун бисёр ҳолатҳои ноҳинҷору ногуворро пешгирӣ карда метавонад. Ҳамин ҳолатро мушоҳида карда, баъзан одам тааҷҷуб мекунад, ки фарзанд барои баъзе аз волидон арзиши як чорворо надорад. Бегоҳ гӯсолаву бузѓолааш аз адир наояд, дар ташвиш мешавад, вале бачааш наояд, парво надорад.  

Рўзаю рўзадорӣ ва садақот дар моҳи Рамазон

  • Posted on: 18 May 2018
  • By: admin

Мусулмонони диёри мо хуб медонанд, ки рўза доштан дар моҳи шарифи Рамазон ба мусулмонон соли дуюми ҳиҷрӣ фарз гардида, пас аз калимаи шаҳодат, намоз ва закот рукни чаҳоруми аркони панҷгонаи дини ислом ба шумор меравад.
Ҳудуди 14 аср аст, ки тоҷикон аз ислом, алалхусус мазҳаби ҳанафӣ, пайравӣ мекунанд ва ин дини мубину ин мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат ба тамоми соҳаҳои зиндагии мардуми сарзамини

НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР НИГАҲДОШТИ СУБОТИ МИЛЛӢ

  • Posted on: 19 April 2018
  • By: admin

Дини ислом барои тарбияи ҷавонон аҳамияти зиёде додааст, зеро маҳз ҷавонон мавқеъ ва мақоми падарони худро дар ҷомеа ишғол мекунанд ва дар зиндагӣ масъулияти гаронро бар дӯш хоҳанд гирифт.

Страницы