Мақолаҳо

“ХИЛОФАТИ ИСЛОМӢ” – ҚУДСИЯТИ ДИНӢ НАДОРАД! (ҚИСМИ I)

  • Posted on: 22 December 2017
  • By: admin

Нуқтаи  бо ҳам пайваст шудани арзишҳои динӣ ва миллӣ  ин ҳаёти  ин дунёии  инсон аст ва танҳо дар раванди ҳаёти воқеии инсон  нақш доранд. Ҳаёти инсон динро маънӣ медиҳад ва берун аз ҳаёти инсон дин моҳияту маъно пайдо карда наметавонад ва ҳатто охират инъикос ва ҷамъбасти аъмоли ин дунё аст

САБАБҲОИ ҶАЛБИ МУХОҶИРОНИ МЕҲНАТИИ ТОҶИК БА ГУРӮҲҲОИ ТУНДГАРО ВА ИФРОТГАРО ВА УСУЛҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

  • Posted on: 21 December 2017
  • By: admin

Бо дарназардошти ин, ки ифротгароӣ ва тундагароии ба сӯи терроризм тамоилдошта, аз ҷумлаи мушкилоти хеле муҳим ва умдаи ҷаҳони имрӯз ва хосатан кишварҳои мусулмонӣ ва ҳатто мамолики ғайримусулмонӣ ба шумор меравад, ин падида, дар ҳар шаклу навъ боиси қафомондагӣ ва омили садди роҳи рушду тараққии кишварҳост.

ТАБЛИҒИ ИФРОТГАРОӢ ДАР ИНТЕРНЕТ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

  • Posted on: 19 December 2017
  • By: admin

Таҳлили коршиносон ва натиҷаҳои пурсишҳои афкори омма собит намуданд, ки солҳои охир интернет дар баррасии мавзӯъҳои динӣ таъсири бештар дорад. Агар дар соли 2009 – ум 49,3 % пурсидашудагон ишора карда бошанд, ки ба саволҳои динӣ аз рӯҳониёни маъруф ва имомхатибон посух мегиранд, пас  дар соли 2016 шумораи онҳо то 9,7 % коҳиш ёфт,  вале теъдоди ашхосе, ки дар ин масъала ба интернет такя мекунанд, ба 42,9 % расид.

ИЛМ-ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ҲАЛЛИ МУШКИЛОТ

  • Posted on: 19 December 2017
  • By: admin

Аввалин пайғоме, ки барои ҳидояти Бани башар аз тарафи Офаридагори замину осмон тавассути фариштаи ваҳй Ҷибрили амин  барои Пайғамбари Худо (с) нозил шуд, панҷ ояти сураи Иқраъ буд, ки Худованд мефармояд: Бихон ба номи Парвардигори худ, ки офарид...

БАЪЗЕ ТАҒЙИРОТҲОИ ГЕОСИЁСӢ ДАР ВАЗЪИЯТИ ХОВАРИ МИЁНА ВА ТАЪСИРИ ОН БА ТОҶИКИСТОН

  • Posted on: 19 December 2017
  • By: admin

Дар охири соли 2017 як қатор тағйиротҳои назаррас дар фазои сиёсӣ-иттилоотии кишварҳои Ховари Миёна таҳаққуқ пазируфтанд, ки дидгоҳи коршиносонро дар бораи дурнамои ояндаи минтақа то андозае дигаргун сохтанд. Ба андешаи мо, чанд самти калидии муносибатҳо вуҷуд доранд, ки дар муайян кардани консепсияи ҷангу сулҳ дар минтақа нақши муҳим бозӣ мекунанд:

ВАТАН ВА ДИН

  • Posted on: 14 December 2017
  • By: admin

Яъне аз тафсири ин ояти қуръонӣ чунин маъно бармеояд, ки чи гунае ки мо барои ҳифзи намозу рӯза талош ва кӯшиш мекунем, барои хифзи ватан чунин корҳоро бояд кард, ё ба монанди ин ки аз душмани дин чи қадаре ҳарос дорем, барои он ки касди аз байн бурдани динамонро доранд, бо ӯ дӯстӣ намекунем. Ба хамин монанд Худованд моро амр кардааст, ки бо касоне, ки душманӣ ба хоки ватан доранд, дӯстӣ накунем. Аммо ба косоне, ки нисбат ба дин ва ватанамон касди душманӣ ва хиёнатро надорад, метавонем робита дошта бошем, агарчи шаҳрванди ҳар кишваре бошад ва ё пайрави ҳар дине.

МАВҶУДИЯТИ ҶАҲОЛАТУ ТААССУБ МЕТАВОНАД БОИСИ ИЗТИРОБ ВА ТАҲДИДИ ХАТАР БОШАД. РОҲИ РАҲОӢ АЗ ОН КАДОМ АСТ?

  • Posted on: 14 December 2017
  • By: admin

Таассуби кӯр-кӯронаи гурӯҳе аз аҳли ҷомеаи кишварҳои ҷангзада, аз ҷумла, Либия, Сурия, Ироқ, Яман ва амсоли онҳо боис гардид, ки дар натиҷаи фаъолияти қудратҳо ва гурўҳҳои манфиатдор бо истифода аз аҳкоми дин марзу буми осоиштаи онҳо гирифтори буҳрони ҷиддӣ гардад ва онҳо теша ба решаи таъриху фарҳанги куҳани хеш зананд. Ин ҳолат ба он оварда расонд, ки мардуми кишварҳои зикршуда аз ҳувияти миллии худ торафт дур мешаванд ва тақдири ояндаи худро ба дасти хоҷагони пасипардагӣ супоридаанд. Бар замми ин, мероси миллии гузаштагонашонро бо дасти худ хароб менамоянд.

Страницы