Мақолаҳо

ОДОБИ ОИЛАДОРӢ ВА ТАРБИЯИ ФАРЗАНД АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ

  • Posted on: 13 November 2017
  • By: redactor

Оила такягоҳи аслии низоми иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии ҷамъияти инсонӣ ва исломӣ аст. Оила ҷойгоҳи оромиши тан ва рӯҳи инсонҳо, махсусан зан, шавҳар ва фарзандони онҳост. Бинои оила, асоси бунёди ҳалқаҳо ва силсилаҳои ба ҳамдигар васлшавии ҷомеаи инсонӣ мебошад. Дар тӯли таърих мақоми оила ба сифати пайванди ногусастании идомаи наслҳо барои ҳамаи дину мазҳабҳо чун падидаи таѓйирнаёбанда исбот гаштааст.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ГИРОМИДОШТИ АРЗИШҲОИ ИСЛОМӢ

  • Posted on: 13 November 2017
  • By: redactor

Дар Феҳристи навбатии 500 мусулмони бонуфузтарин, (The Muslim 500-2018) ки ҷониби Маркази исломии тадқиқоти стратегии Шоҳигарии Уммон бо дастгирии Маркази тафоҳуми мусулмонӣ — насронӣ ба табъ расид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори чорум ба ин феҳрист шомил гардиданд, ки ин омил аз обрӯю эътибори баланди Пешвои миллат дар ҷаҳони ислом дарак медиҳад.

ПЕШВОИ МИЛЛАТИ ТОҶИКОН ДАР САДРИ МУСУЛМОНОНИ БОНУФУЗИ ҶАҲОН

  • Posted on: 9 November 2017
  • By: redactor

Яке аз камтарин хизматҳои Пешвои миллат барои дини ислом ин буд, ки аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ба тамоми ҷаҳониён иброз намуданд, ки террорист ватан, миллат ва мазҳаб надорад. Бо ин ақида Роҳбари давлати тоҷикон номи мусулмононро аз тамѓаи террористӣ беолоиш намуданд.

АРҶГУЗОРӢ БА БУЗУРГОН-АНЪАНАИ НЕКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

  • Posted on: 8 November 2017
  • By: redactor

Анъанаи неке, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба он иқдом мекунанд, ин арҷгузории пайваста ба қаҳрамонони гузаштаи миллати тоҷик мебошад.

Шиагароӣ: идеология ва амалияи он

  • Posted on: 24 October 2017
  • By: redactor

Дар баланд рафтани нақши «омили исломӣ» ва хусусияти глобалӣ касб кардани раванди сиёсисозии ислом дар охири садаи XX ва ибтидои садаи XXI таъсири «Инқилоби исломӣ»-и Эрон хеле калон аст. Инқилоби мазкур дар Ҷумҳурии исломии Эрони муосир ҳукуматеро ба сари қудрат овард, ки асоси идеологии онро таълимоти фирқаи шиа доир ба имомат ва хилофат ташкил медиҳад.

ДАР ҲОШИЯИ МАҚОЛАИ ҚАМАР НУРУЛҲАҚОВ - “ШИАГАРОӢ: ИДЕОЛОГИЯ ВА АМАЛИЯИ ОН”

  • Posted on: 24 October 2017
  • By: redactor

Ҳамкории ин ду кишвар бояд содиқона дар заминаи адабиёт ва фарҳанги муштарак бошад ва манфиатҳои мазҳабӣ бояд сарфи газар гардад. Зеро Тоҷикистон нав аз таъсири манфии ҷараён ва ҳизбҳои ба ном “динӣ” ҳамчун “Ҳизби таҳрир”, “Ансоруллоҳ”, “Ҷамъияти таблиғ”, “Ҳаракати исломии Туркистон”, “Ҷундуллоҳ” “Ҷараёни Салафия” халос хӯрда истодааст ва таъсири як мазҳаби дигар ба ҷомеаи ороми Тоҷикистон ба фоидаи фардои миллат нест.   

Страницы