Мақолаҳо

Пайравӣ ба мазҳаб воҷиб аст!

Ба номи Худованди меҳрубон
Ҳамду сано ва ситоиш Худованди ҷалла ало шаънуҳуро, ки  аҳли имонро бо иршоди Расули акрам ва ҳидояти уламо, ки меросхури паёмбаронанд, роҳнамоӣ кард ва аҳкоми шариатро то рӯзи қиёмат тағйирнопазир гардонид. Ва дуруду дуо ба ҳазрати Муҳаммад, алайҳиссалом, ки афзали русулу анбиёст ва бар олу асҳоби эшон. 

Домулло Ҳикматуллоҳ дар бораи ваҳдат, суннат ва бидъат

Ҷашни Ваҳдати миллиро ҳамасола қишрҳои мухталифи ҷомеа бо фараҳмандии хос таҷлил менамоянд. Дар остонаи ин ҷашни муқаддаси миллӣ хабарнигори “Дин ва ҷомеа” бо руҳонии маъруфи кишвар – Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ мусоҳиба анҷом дод, ки муҳтавои онро пешниҳоди Шумо мегардонем. 
Домуллои муҳтарам, имсол халқи тоҷик 17-умин солгарди батасвибрасии Эъломияи сулҳ ва ризоияти миллиро таҷлил менамоянд. Дар робита ба ин мехостем андешаи Шуморо ҳамчун як олими барҷастаи ислом бифаҳмем, ки барои таҳкими ваҳдату якпорчагӣ мо бояд аз кадом иқдомот кор бигирем?

Хатари мазҳабҳои ифротӣ

Имрўз авзои ҷомеаро баъзе равияҳои тундгаро ва ифротӣ ноором мекунанд ва аз оинаи нилгун ва маҷаллаҳо зиёд мехонем ва мушоҳида мекунем, ки ба ин равандҳои ифротӣ ҷавонони мо шомил шуда, чӣ бадбахтиҳои гушношунидро барои худ ва барои хонаводаи худ ба майдон овардаанд. Банда ба ҳайси як узви ҷомеа барои худ лозим донистам, ки роҷеъ ба ин равияҳои зишту номатлуб фикрамро баён намуда, ҷавонони хушбахти замони истиқлолиятро аз зарари ин падидаҳои номатлуб ҳушдор диҳам. 

Терроризми байналхалқӣ ва хатари он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ

Терроризм ҳамчун рўйдоди сиёсӣ таърихи қадима дорад. Калимаи «террор» аз лотинӣ гирифта шуда, маънои тарс, даҳшатро дорад. Он ҳамчун мафҳуми сиёсӣ аз тарафи инқилобчиёни фаронсавии жирондистон ва якобчиён истифода мешуд, ки онҳо бо ин роҳ барои тарсонидан ва ба даҳшат овардани Ҳукумати Людовики XVІ мардумро ба ошўб меоварданд.

Панди бузургон

Эътибор ва обрўи инсон арзишҳоеянд, ки ҳаргиз набояд онҳоро аз даст дод. 
Танҳо ду гурўҳ наметавонанд афкори худро иваз кунанд: девонагони бемористон ва мурдагони гўристон. Вин Дейр
Зиндагӣ шинохти худ нест, зиндагӣ барои сохтани худ аст. Б.Шоу 
Ҳеҷ вақт бадахлоқии касеро ба хотири симои зебояш таҳаммул макун! 
Бифаҳм, ки шикаст нуқтаи муқобили муваффақият нест, он қисмате аз муваффақият аст. 
Садама шуморо лаҳзае заиф ва як умр қавӣ мекунад.
Забондарозӣ нишонаи дасткўтоҳист.

Страницы