Танзим

АЗ ИСРОФ БИПАРҲЕЗЕМ...

  • Posted on: 23 May 2018
  • By: admin

Исрофе, ки дар масоили иқтисодӣ-иҷтимоӣ бештар мавриди амал қарор дорад, мӯҷиби заиф гардидани захираи молӣ ва дунболаш фақр  ва нотавонӣ дорад. Бинобар ин, пешгирии ҳамин гуна исроф ҳам вазифаи фардӣ-инсонӣ ва ҳам аҳкоми илоҳӣ аст ва барои риояи он савоб ва барои таҷовузи ҳудуди он ҷазо ваъда карда шудааст. 

ЧАРО ХОДИМОНИ ДИН ХОМӮШ БУДАНД?

  • Posted on: 16 May 2018
  • By: admin

Аз ёдам ҳеҷ фаромӯш намешавад, солҳое, ки дар кишвари азизамон  нобасомониҳо рух дода буд... Он солҳо 14-15 сол доштам, падарам дар қайди ҳаёт набуданд, барои як модари серфарзанд бе падар хӯронидану пӯшонидани фарзандон хеле мушкил буд. Азоби гурснагии зиёд кашидем, чунки дар он солҳо  тамоми  роҳҳо ба сӯи  шаҳри Кӯлоб баста буд. Хушбахтона, ба тақдири неки мардуми Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари ҳокимият омаданд.

ТАҚВИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯҲОИ ДОИМИВУ ҶАМЪИЯТӢ - ОМИЛИ РИОЯИ ҲАТМИИ ТАЛАБОТИ ҚОНУН

  • Posted on: 24 April 2018
  • By: admin

Мутаасифона, на дар ҳама такилоту муассисаҳо ташкили кор ва фаъолияти комиссияҳо ҷавобгӯйи талабот аст. Дар Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳо, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, зерсохтори вазорати тандурустӣ-Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», Суди олии иқтисодӣ фаъолияти комиссияҳо беҳбудиро мехоҳад.        

ТАНЗИМ- ИФОДАГАРИ ХАЙРУ БАРАКАТ

  • Posted on: 5 April 2018
  • By: admin

Вақте ки ба маънии луғавии танзим  шинос шудам, дарёфтам, ки  маънояш ба низом даровардан, ба як тартиби муайян даровардани амали анҷомдодашуда будааст. Дар таърих омадааст, ки танзим аз қадимулайём ба зиндагиву фаъолияти инсонҳо рабти хело наздик доштааст.

МАЪРАКАВУ МАРОСИМ ДАР ШАКЛИ МАҚБУЛ БАРГУЗОР МЕШАВАНД

  • Posted on: 4 April 2018
  • By: admin

Сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар танзими анъана ва ҷашну маросим­, ки бо раъйпурсии оммаи мардум қабул гардид,  ҷойгоҳи махсус дорад. Роҳбарияти олии сиёсӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб мекунанд, ки тамоми мардуми  кишвар дар интихобу пешбурди роҳи зиндагӣ ва ба ҷои овардани анъана ва ҷашну маросимҳо сарфакорона амал намоянд, аз тақлиди кӯркӯрона, таассуб, сарфи беҳуда канораҷӯӣ кунанд.

САФАРИ ГУРӮҲҲОИ КОРИИ КУМИТА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ КИШВАР

  • Posted on: 6 March 2018
  • By: admin

Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати баргузори намудани музи мудаввар дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба фаҳмонда додани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва омӯзиши Низомномаи намунавии комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ дар байни кормандни соҳа ва раисони комиссияҳои доимию ҷамъиятии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гурӯҳҳои махсуси кории Кумита ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафарбар гардиданд

ОШКОР ВА ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНИҲО АЗ ҶОНИБИ ГУРӮҲИ КОРИИ КУМИТА

  • Posted on: 1 March 2018
  • By: admin

Рӯзҳои 24-25-уми феврали соли равон аз ҷониби гурӯҳи кории махсуси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти бархе аз комиссияҳои доимии ноҳияҳои Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон мавриди санҷиш қарор гирифт

Страницы