Танзим

ДУ ҚОНУНШИКАНӢ ДАР ЯК МАЪРАКА. НАТИҶАҲОИ РЕЙДИ САНҶИШИИ КОРМАНДОНИ КУМИТА

  • Posted on: 12 February 2018
  • By: admin

Дар баробари ин, дар ҳамин маърака нисбат ба сароянда Нормурод Ашӯров, сокини ш. Турсунзода, ки талаботи қисми 1 моддаи 14-и Қонунро ба инобат нагирифта, бо соҳибмаърака шартнома набастааст, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Бо қарори суд, бо дастрасӣ ба моддаи 481-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба Абдулҳақ Бердиев ҷазо дар намуди ҷарима - 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба Нормурод Ашӯров 50 нишондиҳанда, баробар бо 2500 сомонӣ татбиқ карда шуд

ТАНЗИМ ЭҲСОСИ НАВИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДИРО БА ВУҶУД ОВАРДААСТ

  • Posted on: 11 February 2018
  • By: admin

Таҷрибаи зиндагӣ гувоҳӣ медиҳад, ки ҳама гуна иқдомоти нав дар тӯли таърих асосан бо душворӣ ба тору пуди муносибатҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, пайваставу оҳиста амалӣ мегарданд. Масъалаи танзим низ аз ҳамин иқдомоти иҷтимоист. Бо татбиқи қонуни танзим ҷомеаи Тоҷикистон аз мушкили фано шудан дар гирдоби сарфу харҷи беманфиат ва бидуни мақсад раҳо ёфт.

7 ДАСТОВАРДИ АСОСИИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ

  • Posted on: 8 February 2018
  • By: admin

Дар давоми даҳуним соли амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҳисоби камхарҷ баргузор намудани маъракаҳо ба фоидаи шаҳрвандон 20 миллиарду 361 миллиону 430 сомонӣ пасандоз гардидааст.

ИСРОФ МАРДУМРО БА ХОНАХАРОБӢ МЕОВАРД

  • Posted on: 6 February 2018
  • By: admin

Мардум бо тақлиду худнамоӣ дороии оилаи худро сарф мекарданд ва қарздор шуда, бори гарони қарз ба дӯшашон бор мешуд. Исрофкорӣ ва зиёдаравиҳои бемаънӣ дар маросимҳои оши сари тахта, оши чил, садрӯзагӣ, сари сол ва ғайраҳо, ки ба шариати ислом ягон алоқамандие надоштанд, мардумро ба хонахаробӣ оварда мерасонданд.

ҚОНУНИ ФАРОГИРИ МЕЪЁРҲОИ ШАРИАТ

  • Posted on: 1 February 2018
  • By: admin

Беш аз даҳ сол ин ҷониб, мардуми кишвар мутобиқи ин қонуни батасвибрасида амал намуда, ба натиҷаҳои волои зиндагӣ расиданд. Ҳоло ба хубӣ маълум мегардад, ки ин иқдоми Пешвои миллат як амри басо ногузориз ва саривақтие буд, ки ҳамаи дастуроти шариатӣ ва умуман инсониро фарогир мебошад

ТАНЗИМИ НИЗОМИ ЗИНДАГӢ ТАЛАБИ ЗАМОН АСТ

  • Posted on: 22 January 2018
  • By: admin

Тавре охирин баррасиҳо нишон медиҳад, аз соли  2013 инҷониб теъдоди тӯйи домодиву арӯсиҳое, ки беш аз 130 ҳазор доллар масраф доранд,  ду баробар афзудааст. Бинобар ин, Валиаҳд Абузабӣ  Мухаммад ибни Зоид аз вазъи сарфу исрофи бениҳоят зиёд ва содда намудани  тарзи гузаронидани  тӯю  сурҳои арӯсӣ ташаббусеро байни қабилаҳои ин кишвар ба миён гузошт, ки он баргузор намудани тӯю маросимҳои дастаҷамъӣ  мебошад, ки 80 фоизи исрофкорӣ  дар ин маросимҳо кам гардида,  вақту соати тӯю арӯсиҳоро маҳдуд менамояд.

ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО-ТАНЗИМИ ЗИНДАГИИ МО

  • Posted on: 16 January 2018
  • By: admin

Баъди қабули қонуни мазкур бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии мардуми бофарҳанги тоҷик амали хайр, яъне дастгирии оилаҳои камбизоат ва ятимону мӯҳтоҷон аз ҷониби шахсони саховатманд, соҳибкорони ватанӣ ба ҳукми анъана даромад. Бо ин мақсад аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз ва дигар идҳои миллӣ тӯйҳои дастаҷамъонаи хатнасур ва домодию арӯсӣ барои оилаҳои камбизоат ташкил карда мешаванд.

Страницы