Танзим

ИШТИРОКИ СУЛАЙМОН ДАВЛАТЗОДА ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

  • Posted on: 14 June 2017
  • By: redactor

14-уми июн бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади натиҷагирӣ ва арзёбии дастовардҳои 10 солаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»: дастовард ва дурнамои он дар шаҳри Душанбе» доир гардид.

1076 маърака, 314 рейд ва 9 қонуншиканӣ дар як ҳафта

  • Posted on: 3 May 2017
  • By: redactor

Аз 24 то 30-юми апрели соли 2017 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 1076 маъракаҳои гуногун баргузор гардиданд, ки кормандони соҳа ҷараёни ин маъракаҳоро бо ташкилу баргузории 314 рейд назорат намуданд.

НИГАРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ РИОЯ НАГАРДИДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУН АЗ ҶОНИБИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ

  • Posted on: 28 April 2017
  • By: redactor

Дар ҷараёни баргузории маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар масъалаҳо ба масъалаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Хатлон: 80 ҳолати қонуншиканӣ дар се моҳ

  • Posted on: 27 April 2017
  • By: redactor

Гурӯҳи кории Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани корҳои омӯзишию фаҳмондадиҳӣ бо кормандони соҳа ба ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритӯс, Панҷ ва Қубодиёни вилояти Хатлон сафар намуд.

БА ҚОНУН ТАҒЙИРОТ ВОРИД КАРДА ШУД

  • Posted on: 5 April 2017
  • By: redactor

Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 30 тағйирот ворид намуданд.

ИҚДОМИ НЕКИ НАВРӮЗӢ: БАРГУЗОРИИ ТӮЙИ ДАСТАҶАМЪОНА АЗ ҶОНИБИ КУМИТА

  • Posted on: 27 March 2017
  • By: redactor

Дар партави ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар ташкилоту идораҳо Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни аҷдодии Наврӯзи оламафрӯз тӯйи хонадоршавии ду ҷуфти ҷавон ва хатнасури беш аз 30 тифл аз оилаҳои ниёзмандро баргузор намуд.

Исрофкорӣ барои «ризо»-и Худо?

  • Posted on: 10 November 2016
  • By: redactor

        Дар илми забоншиносӣ харољоти аз меъёр зиёдро бо истилоҳи “исроф” ном мебаранд, ки шариати ислом онро ҳаром медонад. Дар ин асос, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ чунин амалро ќатъиян манъ менамояд.

Страницы