Иттиҳодияҳои динӣ

КУМАКИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНИИ ЁВОН: 72 ҲАЗОР СОМОНӢ БАРОИ ХАРИДОРИИ МИЗУ КУРСӢ ВА ДИГАР ЛАВОЗИМОТ

  • Posted on: 14 May 2018
  • By: admin

Дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани кумак ба эҳтиёҷмандон, ятимону барҷомондагон ва бенавоён мавқеи хосс дорад. Ин аст, ки дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа ходимони дин низ талош доранд, то ҳиссаи худро дар рушди минбаъдаи ҷомеа гузоранд.

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

  • Posted on: 31 August 2017
  • By: redactor

Ҳамватанони азиз!

Фарорасии иди саиди Қурбонро, ки яке аз суннатҳои қадимаи мардуми мусулмони мо мебошад, ба хонадони ҳар яки шумо самимона табрик мегӯям.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ба шарофати истиқлолият ва сулҳу суботи пойдор имрӯзҳо дар ҳамаи арсаҳо содиқона заҳмат кашида, саъй доранд, ки Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонанд, анъанаву суннатҳои неки милливу мазҳабиамонро гиромӣ доранд, онҳоро пайваста такмил диҳанд ва ин сарвати бузурги маънавиро барои тарбияи наслҳои созандаи халқамон, аз ҷумла эмин нигоҳ доштани наврасону ҷавонон аз таъсири ҳама гуна омилҳои манфӣ истифода намоянд.

Рӯзи иди саиди рамазон муайян шуд

  • Posted on: 22 June 2017
  • By: redactor

Имрӯз, 22-юми июн соати 10.00 дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид. Дар ин ҷаласа дар баробари дигар мавзӯҳо масъалаи дақиқ намудани санаи баргузории иди саиди рамазон баррасӣ гардид. 

ҶАМЪОМАД БО ҶАЛБИ КОРМАНДОНИ СОҲА ВА ХОДИМОНИ ДИН

  • Posted on: 25 May 2017
  • By: redactor

Имрӯз, 25-уми май бо ташаббуси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мудирони шӯъба ва бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин ходимони дин ҷамъомад доир гардид.

27-УМИ МАЙ – ОҒОЗИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

  • Posted on: 24 May 2017
  • By: redactor

Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки оғози моҳи шарифи Рамазон дар кишвар ба 27-уми майи соли 2017 рост меояд. Ин нуктаро Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдулқодирзода дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баён дошт.

ТАШКИЛИ СОАТҲОИ ОМӮЗИШӢ АЗ ҶОНИБИ КУМИТА

  • Posted on: 17 April 2017
  • By: redactor

Аз 12 то 15-уми апрели соли 2017 дар бархе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соатҳои омӯзишӣ доир гардид.

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ КУМИТА ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ

  • Posted on: 20 January 2017
  • By: redactor

17-уми январ дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои уламо баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои Шӯрои уламо ва муовинони Раиси Маркази исломӣ, сархатибон ва имомхатибони масоҷиди кишвар, инчунин намояндагон аз Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.