Ташхис

АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТОНИ «ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ» ҶИҲОД Ё МУСУЛМОНКУШӢ?

  • Posted on: 1 December 2017
  • By: admin

Ислом пайравони худро ба дастгирии ҳамдигар, расонидани кумак ба ятимону барҷомондагон, сари ятимеро сила намудан, ҳифз намудани ватану миллати худ, шукронаи тинҷиву амонӣ, эҳтироми падару модар ва дигар амалҳои нек роҳнамоӣ менамояд.

ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

  • Posted on: 21 November 2017
  • By: admin

Баъди истиқлолият ба даст овардани кишвар аз вазъи ноором истифода бурда, ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ аз пинҳонкорӣ баромада, роҳбарону фаъолони ин ҳизби манфур саъю кӯшиш ба харҷ доданд, то Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ба лухтаки кишвари ҳамсоя табдил дода, мазҳаби  бегонаро  ба мардуми тоҷик  таҳмил намоянд. Ҳадафҳои мазкур баъди воқеаҳои хунини  моҳи сентябри соли 2015 бо сарварии Абдуҳалим Назарзода дар натиҷаи маводи аз назҳатиён ба дастомада ифшо гардид.

Андешаҳо перомуни мақолаи «Асрори вафодории ҲНИТ ба терроризм»

  • Posted on: 9 November 2017
  • By: redactor

Кишвар ба кишвар гаштану тарафдор ҷамъ овардан барои дастёбӣ ба қудрат аст ва қудрат дар фарҳанги сиёсии ин гуна шахсон ҷуз бо ҷанг ба даст намеояд. Тасаввур кунед, барои пирӯз шудани як шахс бояд кишвари обод ба оташи ҷанг кашида шавад ва боз садҳо ҳазор нафар куштаву сарсону саргардон.

Хатарҳои “салафия”-ро бишносем...

  • Posted on: 23 October 2017
  • By: redactor

Ақидаҳои харобиовар ва такфирии ифротгароёни салафӣ пайомадҳои бисёр ногувор ва пурхатар барои миллат, давлат ва махсусан, ҳанафимазҳабон дорад. Зеро пайравони равияи мазкур асосан дар урдугоҳ ва таълимгоҳҳои мухталифи хориҷ омӯзиш дидаанд ва барои сарнагун сохтани низоми демократии дунявӣ аз ҷинояте рӯ наметобанд.

ВОКУНИШ БА МАҚОЛАИ ҲАФТАНОМАИ “СССР”

  • Posted on: 16 October 2017
  • By: redactor

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Марҳабо Раҳмонзодаро таҳти унвони «Асрори анъанаҳои миллӣ», ки дар ҳафтаномаи «СССР» № 41 аз 12 октябри соли 2017 нашр гардида буд, мавриди омӯзиш ва таҳлил ќарор дод.

ТАРТИБИ МАРОСИМИ АЗОДОРӢ ВА ТАЪЗИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • Posted on: 18 September 2017
  • By: redactor

Маросими азодорӣ ва таъзия дар асоси талаботи шариати ислом, муқаррароти мазҳаби ҳанафӣ, таъкидҳои Имом Абӯҳанифа, урфу одатҳои миллату халқиятҳои муқими Тоҷикистон ва дигар санаду меъёр­ҳои фиқҳӣ, инчунин қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳу­рии Тоҷикистон таҳия шуда, тартиби дафн ва маросими азодорию таъзияро дар мамлакат (минбаъд – Тартиб) муқаррар менамояд.