Мазҳаб

ҲИФЗИ МАЗҲАБ-ОМИЛИ МУҲИМИ ПОЙДОРИИ СУБОТ

  • Posted on: 27 February 2018
  • By: admin

Метавон хотиррасон кард, ки пайравии яккамазҳабӣ дар Тоҷикистон метавонад барои кулли мардуми мусалмони тоҷик ба хотири тақвияти сулҳу амният саҳми босазо гузорад. Зеро таълимоти Имоми Аъзам дар олами ислом бонуфузтарин мазҳаб маҳсуб ёфтааст. Зиёда аз 70% - и мусулмонони ҷаҳон пайрави ин мазҳаб мебошанд, чунки таълимоти мактаби ҳанафӣ аз эҳтироми умумибашарӣ, сулҳоварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва таъмини ғизои маънавӣ ибтидо мегирад

ФАЗИЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ ДАР ВАСИЯТНОМАИ ИМОМИ АЪЗАМ

  • Posted on: 22 February 2018
  • By: admin

Дар як фарози ин васиятнома дар бораи парҳез аз баъзе хислатҳо ва рафторҳои ношоисти инсонӣ сухан ба миён омада, ба ҷавонмардию сарбаландӣ даъват намудааст. Он порчаи васиятнома ин аст:

АҚИДАИ МОТУРИДӢ, МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ ВА ИСЛОМИ АСИЛИ ХУДРО ҲИФЗ НАМОЕМ

  • Posted on: 20 February 2018
  • By: admin

Хиёнати ин ҳизб ба  миллати тоҷик, ба ақидаи Мотуридӣ, ба мазҳаби ҳанафӣ ва дар маҷмӯъ ба дини мубини ислом дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон исботи худро ёфт ва маруми мусулмони кишвар аз ғояҳои ифротию террористии ҲНИТ огоҳ гардиданд

«ГЕНЕРАЛИ МАРДУМӢ» АЗ «ДУРБИН»-И ИМОМХАТИБОН

  • Posted on: 11 February 2018
  • By: admin

Домуллову имомхатибони мӯҳтарами ватанӣ бар зидди Эшони Саид Қиёмиддини Ғозӣ-генерали мардумии майдони Шаҳидон дар соли 1991-92 шӯрида, дар сомонаи расмии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ (www.din.tj) ӯро ба мазҳабфурӯшӣ ва гаровидан ба шиа муттаҳам кардаанд. Воқеан ҳам мазҳабфурӯшӣ ва он ҳам гаравидан ба шиъаи имомӣ, ки ҳамеша чун экстремизми исломӣ маҳсуб мерафт, барои нафаре, ки даъвои эшонӣ ва генералӣ дошт, паёмади хуб ба ҷамъияти мо надорад. Мазҳаб нафурӯшед, беҳтарин мазҳаб аз мост. Мо Метавонем!

ДАРКИ МАСЪУЛИЯТ ХАБАРКАШӢ НЕСТ!

  • Posted on: 8 February 2018
  • By: admin

     Барои пешгирии ҳар гуна фитнаву ихтилофот ва кинаву бадбиниҳо мо набояд бетараф бошем. Агар дар масҷид, маҳалла, ҷойи кор ва кӯчаву бозорҳо касеро мушоҳида кунем, ки гуфтораш, рафтораш ё ки муомилааш шубҳанок аст, ё тарзи ибодаташ хилофи мазҳаби Имоми Аъзам аст,бояд зиракию ҳушёриро аз даст надода, пешгирӣ кунем, онҳоро насиҳат кунем ва ба онҳо роҳи ростро нишон диҳем

ҲУКМИ ИМОМИ АЪЗАМ ДАР МАВРИДИ ИХТИЛОФ ДАР ДИН

  • Posted on: 25 January 2018
  • By: admin

«Мо боре дар назди имом Абӯҳанифа нишаста будем. Як гурӯҳе ду нафарро (аз уламои дин) ба назди он кас оварданд  ва савол карданд: «Яке мегӯяд, ки Қуръон махлуқ аст ва  дигаре мегӯяд, ки Қуръон махлуқ нест. Бигӯ, эй имоми мусулмонон, кадоми аз онҳо рост мегӯянд  ва кадомиро мо итоат ва пайравӣ кунем». Имом Абӯҳанифа ҷавоб доданд: «Минбаъд аз паси ҳар дуи онҳо ҳаргиз намоз нагузоред». Онҳо пурсиданд: «Дар ҳақиқат, чунин ҳукми Шумо нисбати шахси аввал дуруст аст. Аммо чаро нисбати дувумӣ, ки ҳақ буд, чунин ҳукм раво шуд?»...

МАЗҲАБИ ИМОМИ АЪЗАМ-МАЗҲАБИ ТАҲАММУЛИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

  • Posted on: 17 January 2018
  • By: admin

Асл ва бунёди таҳаммулпазирии мазҳаби Имоми Аъзамро эътиқоди саҳеҳ дар бораи асли тавҳид ташкил медиҳад ва  тибқи ақидаи Абуҳанифа он иборат аст аз  эътиқоди саҳеҳ ба Парвардигор, фариштаҳо, китобҳои осмонӣ ва ба рӯзи қиёмат. Ин пояҳо бешубҳа барои гуфтугӯи адён ва тамаддунҳо нақши аввалиндараҷаро мебозанд

Страницы