Ҷомеа

АМАЛҲОИ НЕКИ ЯК МУСУЛМОН (№1)

Имрӯз ҳар фарди тоҷикистонӣ бояд шукронаи Худои мутаолро  кунад, ки дар ватани мо неъмати сулҳу суботро арзонӣ доштааст.  Бо истифода аз ин неъматҳои илоҳӣ моро мебояд дар роҳи рушду шукуфоии сарзамини аҷдодӣ   саҳмгузор бошем. Аз ҷумла, бо аз худ намудани илмҳои замонавӣ тавонем рушди ҷомеаро таъмин намоем. Чаҳор нуқтае, ки дар ин муқаддима ишораву баррасӣ мешавад, аз як ҷониб аз аркони муҳим ва асосии дини ислом маҳсуб мешавад ва аз тарафи дигар ба мавзӯҳое, ки дар ин рисола мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, иртиботи қавӣ доранд. 

ОФАРИН, САД ОФАРИН БАР ОЛИ РАҲМОН!

Тӯдае иронсароӣ мекунад имрӯз,
Тӯдае иронгароӣ мекунад имрӯз,
Тӯдае иронгадоӣ мекунад имрӯз!
Тӯдае аз мо ҷудоӣ мекунад имрӯз,
Мекушад моро... Худоӣ мекунад имрӯз!..

МАВЗӮИ СУБОТИ ҶОМЕА ДАР ҚУРЪОН ВА СУННАТ

Ростӣ дар фикри он будам, ки дар робита ба неъмати оромии кишвар ва сулҳу субот чизе рӯи варақ орам, ҳарчанд ки бо мардум дар ин маврид ҳамеша гуфтугӯ дорем, аммо боз ҳам қаноатманд набудам. Ба худ мегуфтам, ки ҳоло ҳам вазифаи мусалмонӣ ва шаҳрвандии худро дар баробари ин неъмат адо накардаам, имрӯзро ба фардо, фардоро пас аз фардо гузошта ба худ баҳонаҳо оварда танбалӣ мекардам. Аммо он рӯз ки паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳри мардум садо дод, онро гӯш карда ва низ мутолиъа намудам, ки ҳама баҳри пешрафти ҷомеа ва тарақиёт буд ва низ мавзӯи оромии Ватан дар баробари ноамнии авзои ҷаҳон мавзӯи умда қарор дошт, бароям неруи тоза бахшида ва ҳеҷ ҷои баҳона боқӣ намонд.

ИҶТИНОБ АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

Ба ҳамагон маълум аст, ки бемории ВИЧ-СПИД (норасоии масунияти бадан) бемории ҳалокатбор буда, ҳар сол дар миқёси олам ҷони чанд миллион нафарро аз байн мебарад ва теъдоди гирифторони ин мусибат, ки онро «вабои аср» меноманд, сол ба сол зиёд мегардад. Ин беморӣҳамчун вабо, ки сабабҳои пайдоиш ва паҳншавии худро дорост, имрӯзҳо роҳҳои муолиҷа, аз байн бурдан, кам кардани шиддати он ва нигоҳ доштани ҷамъият аз зарарҳои ногувори он мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дорад

ДАСТГИРИИ ЯТИМОН. МАСЪАЛАЕ, КИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОН ТАВАҶҶУҲИ ХОСС ДОРАНД

“Ман чунин меҳисобам, ки дасти сахо доштан яке аз беҳтарин хислатҳои неки инсонӣ буда, дар тарғиби ғояҳои инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ ва саховатпешагӣ дар байни ҷомеа нақши бузург мебозад”. 

ДАР ШИНОХТИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ АСР МУТТАҲИД БОШЕМ

Терроризму экстремизм аз бузургтарин хатарҳое маҳсуб меёбанд, ки ҳоло барои аҳли башар ба хатари рақами як мубаддал гардидаанд. Гурӯҳҳои ифротӣ бо мақсади даст ёфтан ба ҳадафҳои муғризонаи худ аз ҳамаи роҳҳои мавҷуда кор мегиранд. Ҳарчанд зуҳуроти терроризму экстремизм дар дарозои таърих ҳамеша мавҷуд будаву инсоният аз оқибатҳои бади он огоҳ, аммо дар чанд соли охир ифротгароиву терроризм бо намудҳои наве зуҳур карда, мушкилоти сайёраро дар самти мубориза бо он беш аз пеш мушкилтар мегардонад.

МУНОФИҚ КИСТ?

Дар дини мубини ислом мунофиқ шахсеро гӯянд, ки дар замираш ниятҳои нопок дорад, аммо дар байни мусулмонон худро муъмини покизакирдор ва дӯсти ғамхор нишон медиҳад. Мунофиқ аз шахси бедин бадтар аст, зеро наметавон аз ғаразҳояш воқиф гашт ва дӯстро аз душман ҷудо кард. Аз ин рӯ, Худованд мунофиқонро аз табақаи поёнтарини дӯзах ваъда дода, онҳоро дар дунёву охират хор месозад

Страницы