Ҷомеа

МАСЪУЛИЯТҲОИ МУШТАРАКИ ВОЛИДАЙНУ ФАРЗАНДОН ДАР ОИЛА

  • Posted on: 12 February 2018
  • By: admin

Яъне тибқи ин оят сарпарастии оила бар дӯши мард вогузор карда шудааст. Ҳар вақте ки як ҷавонписар як ҷавондухтарро дар никоҳи худ медарорад, нафақаи ӯ, либосу ҷои зисти ӯ бар дӯши мард аст, ки барои ҳамсари худ таъмин намояд. Ва бар зан воҷиб аст, ки итоат аз шавҳар дошта бошад ва молу хонадони шавҳар ва номуси ӯро ҳифз  намояд.

БЕҲТАРИН ПЕШНИҲОД АЗ БЕҲТАРИН ШАХСИЯТ

  • Posted on: 8 February 2018
  • By: admin

Дар ҳадиси Паёмбар (с) омадааст: “Беҳтарини мардумон касонеанд, ки фоидаашон ба халқ бештар бошад”. Ҳар кас бояд ба андозаи ҳол ва қувваташ ба фоидаи халқ бикӯшад, зеро вазифаи ҳар мусалмон манфиат расонидан ба бандагони Худо аст.

АМАЛҲОИ НЕКИ ЯК МУСУЛМОН (№1)

  • Posted on: 7 February 2018
  • By: admin

Имрӯз ҳар фарди тоҷикистонӣ бояд шукронаи Худои мутаолро  кунад, ки дар ватани мо неъмати сулҳу суботро арзонӣ доштааст.  Бо истифода аз ин неъматҳои илоҳӣ моро мебояд дар роҳи рушду шукуфоии сарзамини аҷдодӣ   саҳмгузор бошем. Аз ҷумла, бо аз худ намудани илмҳои замонавӣ тавонем рушди ҷомеаро таъмин намоем. Чаҳор нуқтае, ки дар ин муқаддима ишораву баррасӣ мешавад, аз як ҷониб аз аркони муҳим ва асосии дини ислом маҳсуб мешавад ва аз тарафи дигар ба мавзӯҳое, ки дар ин рисола мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, иртиботи қавӣ доранд. 

ОФАРИН, САД ОФАРИН БАР ОЛИ РАҲМОН!

  • Posted on: 1 February 2018
  • By: admin

Тӯдае иронсароӣ мекунад имрӯз,
Тӯдае иронгароӣ мекунад имрӯз,
Тӯдае иронгадоӣ мекунад имрӯз!
Тӯдае аз мо ҷудоӣ мекунад имрӯз,
Мекушад моро... Худоӣ мекунад имрӯз!..

МАВЗӮИ СУБОТИ ҶОМЕА ДАР ҚУРЪОН ВА СУННАТ

  • Posted on: 26 January 2018
  • By: admin

Ростӣ дар фикри он будам, ки дар робита ба неъмати оромии кишвар ва сулҳу субот чизе рӯи варақ орам, ҳарчанд ки бо мардум дар ин маврид ҳамеша гуфтугӯ дорем, аммо боз ҳам қаноатманд набудам. Ба худ мегуфтам, ки ҳоло ҳам вазифаи мусалмонӣ ва шаҳрвандии худро дар баробари ин неъмат адо накардаам, имрӯзро ба фардо, фардоро пас аз фардо гузошта ба худ баҳонаҳо оварда танбалӣ мекардам. Аммо он рӯз ки паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳри мардум садо дод, онро гӯш карда ва низ мутолиъа намудам, ки ҳама баҳри пешрафти ҷомеа ва тарақиёт буд ва низ мавзӯи оромии Ватан дар баробари ноамнии авзои ҷаҳон мавзӯи умда қарор дошт, бароям неруи тоза бахшида ва ҳеҷ ҷои баҳона боқӣ намонд.

ИҶТИНОБ АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

  • Posted on: 25 January 2018
  • By: admin

Ба ҳамагон маълум аст, ки бемории ВИЧ-СПИД (норасоии масунияти бадан) бемории ҳалокатбор буда, ҳар сол дар миқёси олам ҷони чанд миллион нафарро аз байн мебарад ва теъдоди гирифторони ин мусибат, ки онро «вабои аср» меноманд, сол ба сол зиёд мегардад. Ин беморӣҳамчун вабо, ки сабабҳои пайдоиш ва паҳншавии худро дорост, имрӯзҳо роҳҳои муолиҷа, аз байн бурдан, кам кардани шиддати он ва нигоҳ доштани ҷамъият аз зарарҳои ногувори он мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дорад

ДАСТГИРИИ ЯТИМОН. МАСЪАЛАЕ, КИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОН ТАВАҶҶУҲИ ХОСС ДОРАНД

  • Posted on: 24 January 2018
  • By: admin

“Ман чунин меҳисобам, ки дасти сахо доштан яке аз беҳтарин хислатҳои неки инсонӣ буда, дар тарғиби ғояҳои инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ ва саховатпешагӣ дар байни ҷомеа нақши бузург мебозад”. 

Страницы