Ҷомеа

ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТИ ҲНИТ АМРИ САРИВАҚТӢ ВА ДУРБИНОНАЕ БУД

  • Posted on: 17 January 2018
  • By: redactor

Баъди мутолиаи ин матлаб бори дигар дар ин андеша устувор гаштам, ки ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ, гурӯҳу ҷараёнҳои манфиатхоҳ ва дар маҷмӯъ, давлатҳое, ки ба ҷои эҳтиром қоил шудан ба арзишҳои исломӣ, баракс аз исломи мубин сӯистифода мекунанд, ҳамеша бунболи манофеи худ ҳастанду аслан на парвои ислом доранду на ёде аз мусалмонӣ.

ХУДНАМОӢ, ТАҚЛИДКОРӢ ВА БЕГОНАПАРАСТӢ ХОСИ ТОҶИКОН НЕСТ!

  • Posted on: 12 January 2018
  • By: admin

Ҳар амале, ки баёнгари риёкорӣ ва худнамоии мардум бошад, аз назари шариати исломӣ ҳаром аст ва бешак корҳое, ки дар ин мақола аз он манъ шуда, намоёнгари ин матлабанд. Чунин амалҳо дар шариат нодуруст ба шумор рафта, дар мавриди шахсоне, ки муртакиби чунин хатоҳо мешаванд, таҳдиди шадиде омадааст.

МАСЪУЛИЯТИ МУСАЛМОН ДАР НИГОҲДОШТИ ОИЛА

  • Posted on: 12 January 2018
  • By: admin

Оила такягоҳи аслии низоми ҷомеаи фарҳангӣ ва динии ҷомеаи инсонӣ ва исломӣ аст. Оила ҷойгоҳи оромии тану рӯҳи инсонҳо, махсусан зану шавҳар ва фарзандони онҳост. Дар тӯли таърих мақоми оила хачун пайванди ногусастании идомаи наслҳо барои ҳама дину мазҳабҳо чун падидаи тағийрнопазир ба шумор мерафтааст.

СОЛИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ-СОЛИ ИМКОНОТИ МУСОИД БАРОИ ЗАНОН

  • Posted on: 11 January 2018
  • By: admin

      Зимнан, дар замони муосир занон  бояд кӯшиш кунанд, то дар баробари  рафтору одоби наку ва иффату покдоманӣ боз донишвару ҳунарманд бошанд. Дар баробари анҷом додани корҳои нек, боз ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои неки ниёгонро аз худ намуда, бо ин роҳ тавонанд баробари дар радифи мардон дар пешбурди зиндагӣ ва ҳалли масъалаҳои оилавӣ саҳмгузор бошанд.

Страницы