Асолати ислом

РИСОЛАТИ БУЗУРГИ ИМОНУ ВАТАНДОРӢ

  • Posted on: 4 June 2018
  • By: admin

Натиҷа чунин аст, ки ба ҷуз як табақа – онҳое, ки ҳама гуна пешрафти Тоҷикистонро аз рӯи ақидаи ботили бадбинонаашон чашми дидан надоранд, дигар ҳама мардум иқдомоти Сарвари давлатро пазируфтанд. Акнун дар кишвар низоме ба даст омадааст, ки ҳама чиз дар ҷойи хеш аст, дин дар ҷойи хеш, корҳои давлатдорӣ дар ҷойи хеш.

ҲИЗБГАРОӢ ВА ТАФРИҚА АЗ НАЗАРИ ИСЛОМ

  • Posted on: 23 March 2018
  • By: admin

Дар замони муосир ба назар мерасад, ки балоҳои ҷомеаро фаро гирифта, саркашӣ ва нофармониҳое мунташир гашта ва ҷомеаи исломӣ ва мусулмонон дучори тафриқа ва табдил ба гурӯҳҳо, фирқаҳо ва ҳаракатҳои гуногун гаштаанд. Бештари мусалмонон саргардон ва ҳайрон шудаанд, намедонанд ба кадом гурӯҳ пайравӣ кунанд. Ин тафриқа ва ҳизбгароӣ дар ислом ҷамол ва зебогии исломро тира сохта, монеи пешрафти муслимин шудааст. Оё ислом ҳамин аст? Ҳукми ихтилоф ва тафриқа ва ҳизбгароӣ дар дин чист?  Роҳи раҳоӣ аз ин дарди сӯзнок чист?

ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ

  • Posted on: 17 March 2018
  • By: admin

Гурӯҳҳои бадхоҳ барои амалӣ сохтани нақшаҳои бадашон аз дини ислом cӯистифода менамоянд, то ба нияту ғаразҳои худ ноил шаванд. Чунин намунаро мо дар амалҳои ташкилоти террористии ҲНИТ аллакай мушоҳида намудем ва хулосаҳои худро дорем. Дар асл ҳар иғвоангез ва гурӯҳҳои иртиҷоӣ мехоҳанд дар кишвар нооромӣ ҷорӣ созад, зеро бадхоҳ ва душман тараққӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеаро намехоҳад.

ИСЛОМ ЗИДДИ ТАФРИҚА

  • Posted on: 8 February 2018
  • By: admin

Бемазҳабӣ ё бисёрмазҳабӣ, эҷоди ихтилофот, омилҳое мебошанд, ки боиси ба гурўҳҳо ҷудо шудани мусулмонон ва дар ин замина сар задани муноқишаҳо мегардад. Мисоли ин парокандагӣ ва муноқишаҳои ҳарбӣ, дар ниқоби ислом рехтани хуни ҳазорон мардуми бегуноҳ, вайронӣ ва фасоди давлат дар якчанд кишварҳои мусулмонӣ шуда метавонад.

ХАТАРҲОИ ТЕРРОРИЗМ БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

  • Posted on: 8 February 2018
  • By: admin

Таърихи инсоният аз лаҳзахои пайдоиш то ба имрӯз бо дин иртиботи кавӣ дорад, ки ба ҳаёти инсон аз таваллуд то март таъсир мерасонад. Дар ҷомеа падидаеро ёфтан мушкил аст, ки мисли дин ба зиндагии одамон наздик бошаду ҳамзамон дар масири таърих ихтилофу моҷароҳои зиёдеро ба вуҷуд оварда бошад. Ин аст, ки дар фарҷоми асри XX ва оғози асри XXI инсониятро мавҷи ифротгароии динӣ ба маротиб фаро гирифта, боиси муноқишаҳо дар нуқтаҳои гуногуни дунё гардидааст.

БАРОИ ТЕРРОРИСТ КАЪБАВУ БУТХОНА ЯКЕСТ

  • Posted on: 6 February 2018
  • By: admin

Барои мисол аз омӯзиши таърих маълум аст, ки абарқудратҳо ҳамеша ба Осиёи Миёна ҳуҷум мекарданд ва муваффақ мешуданд. Сабаби муваффақияти онҳо дар чӣ буд? Дар лашкари бешумор? Ҳаргиз не! Сабаби муваффақияти онҳо дар бетарафии мардум ва парокандагии ҷомеа буд. Искандари Мақдунӣ, муғулҳо, Темури ланг... лашкари ин истилогарон маҳз аз бетарафии мардум ғолиб меомад.

ИФРОТГАРОӢ. АЛАЙҲИ ОН ЧӢ БОЯД КАРД?

  • Posted on: 1 February 2018
  • By: admin

Шароит имрӯз моро водор мекунад, ки мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризмро чун масъалаи хеле муҳим ва ҷиддӣ арзёбӣ намоем. Шак нест, ки ин масъала ба сарнавишти давлатдории миллии мо гиреҳ хӯрдааст. Лозим аст, ки ба шинохти моҳияти ифротгароии динӣ, дарки хатари воқеӣ ва ба мубориза алайҳи он таваҷҷуҳи бештаре намоем

Страницы