Асолати ислом

ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАН – СУННАТЕ АЗ СУННАТҲОИ ПАЁМБАРИ АКРАМ

  • Posted on: 24 January 2018
  • By: admin

Расули акрам (с) мефармоянд: “Валлоҳи иннаки лахайру арзи-л-Лоҳи ва аҳабу арзи-л-Лоҳи илайя. Ва лав ло аинӣ ухриҷту минки мо хараҷту минки”. Қасам ба Худо албатта ту (эй Макка) барои ман беҳтарин заминӣ ва маҳбубтарин заминӣ. Ва агар ман аз ту берун карда намешудам, ҳаргиз аз ту берун намешудам”. Имрӯз мо пайравони дӯстдорони Пайғамбар ҳастем, бояд ба ҳама гуфтаву фармудаи ӯ амал намуда, дар ҳаёту зиндагиамон татбиқ намоем

ҲУШДОР. 7 НИШОНАИ АСЛИИ САЛАФИЯ, КИ БОЯД БИДОНЕМ

  • Posted on: 23 January 2018
  • By: admin

Дар он аср вақте ки бероҳону бидъаткорону фосиқон дар Самарқанду Бухоро зуҳур карданд, пешвоёни он замон ҷамъомада гуфтанд: “Бобоён ва падарони мо ба роҳи аҳли суннат ва ҷамоат буданд, акнун имрӯз гурӯҳҳо мисли имрӯза ваҳҳобӣ, салафӣ, шиа ва ғайра пайдо шуданд. Моро зарур аст, ки мазҳаби худро ҳифз кунем” ин  суханро ба амири одил Абуиброҳим Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ арз карданд ва подшоҳи одил ҳимоят аз миллату мазҳаб карда он гуруҳҳоро саркуб намуданд.

РӮҲОНИЁНИ ПОКИСТОН ҲАМЛАИ МАРГТАЛАБОНА (ИНТИҲОРӢ) - РО РАСМАН ҲАРОМ ВА ЗИДДИСЛОМӢ ЭЪЛОН КАРДАНД

  • Posted on: 17 January 2018
  • By: admin

Беш 1 800 рӯҳонии Покистон, аз ҷараёнҳои мухталифи исломӣ, бо нашри як фатво ҳамлаи интиҳориро "амали ғайриисломӣ" эълон карданд. Ин рӯҳониён гуфтаанд, ки аз рӯи таълимоти Ислом бомбагузории интиҳорӣ мамнуъ ва "ҳаром" аст. Фатвои рӯҳониён рӯзи 16 январ дар як китоб аз ҷониби президенти Покистон Мамнун Ҳусейн ва Донишгоҳи Давлатии Исломӣ муаррифӣ шуд.

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ: НИШОНАҲО ВА ОМИЛҲОИ ПАЙДОИШИ ОН (дар мисоли як ҷамоати н. Шаҳринав)

  • Posted on: 17 January 2018
  • By: redactor

Яке аз сокинони Ҷамоати деҳоти Чуст, ки тайи чанд соли умри худро дар маҳбасхона гузаронида, аз онҷо бо ақоиди ифротӣ ба зодгоҳаш баргашт, дар деҳа ячейкаи худро пинҳонӣ таъсис дода, хешовандону ҳамдеҳагонашро ба доми фиреби худ даровард ва ақидаҳои онҳоро заҳролуд кард.

ТАЪЛИМОТИ ҲИЗБИ ТАҲРИР БАР ЗАРАРИ ИСЛОМ АСТ

  • Posted on: 17 January 2018
  • By: redactor

Ин ҳизб солҳои панҷоҳуми асри гузашта дар Фаластин ташкил ёфта, то имрӯз дар бисёре аз кишварҳои дунё зуҳур намудааст. Барномаи ин ҳизб гарчанде бо истилоҳоту шиорҳои исломӣ зинату ороста шуда бошад, ҳам мутолиаи амиқ ва хулосаи коршиносони воқеии исломӣ нишон медиҳад, ки ин як таълимоти худсохт буда, аз сарчашмаҳои асили ислом яъне Қуръону ҳадис ва таълимоти арбобони хираду андешаи динӣ, бахусус таълимоти Абуҳанифа фарсахҳо дур мебошад.

ХУДОВУ ПАЁМБАРИ МЕҲРУБОН ДОРЕМ. ТУНДГАРОӢ ХОСИ МО НЕСТ!

  • Posted on: 12 January 2018
  • By: admin

Рӯзе як зане кӯдаки ширхораи худро гум кард, бисёр бо гиряву нолаҳо кофтукоб кард, оқибат онро ёфт ва чунон бо меҳру муҳаббати беандоза ба оғӯш гирифта, ба ӯ шир доду навозиш кард, ки Пайғамбари Худо ба ёронашон гуфтанд: Оё Шумо тасаввур карда метавонед, ки ҳамин зан кӯдаки худро ба оташ андозад? Гуфтанд: Қасам ба Худо, ки ҳаргиз не, Расулуллоҳ фармуданд: Меҳре, ки ин зан ба кӯдакаш дорад, Худованд ба бандагонаш аз ин ҳам зиёдтар меҳрубон аст.

ТУНДГАРОӢ ВА ПАЁМАДҲОИ ОН ДАР ҶОМЕА

  • Posted on: 11 January 2018
  • By: admin

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба ин равияҳои номатлуб ҷавононе пайравӣ мекунанд, ки натанҳо аз илму фарҳанги динӣ, балки аз донишҳои аввалияи дунявӣ низ тасаввуроте надоранд. Роҳбарони ин равияҳои тундгаро аз камсаводӣ ва бефарҳангии онҳо истифода бурда, ҷавононро ба амалҳои номатлуб, аз ҷумла худкушӣ, одамрабоӣ ва қатли одамони бегуноҳ ҷалб менамоянд.

Страницы