Хабар

ДАР ДУШАНБЕ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД “МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ” БА КОРИ ХУД ОҒОЗ КАРД

  • Posted on: 4 May 2018
  • By: admin

Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушорикати Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Иттиҳоди Аврупо Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” ба кори худ оғоз кард. Беш аз 400 иштироккунанда аз 48 кишвари ҷаҳон ва 31 созмони байналмилалию минтақавӣ, инчунин марказҳои илмиву тадқиқотӣ дар ин чорабинӣ иштирок доранд.

ОҒОЗИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ДАР БОХТАР

  • Posted on: 25 April 2018
  • By: admin

Имрӯз, 25-уми апрел дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ “Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо” ба кори худ оғоз намуд. Конфронси мазкур бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор мегардад.

КОНЦЕПЦИЯ ГОСУДАРСТВЕННОЙ ПОЛИТИКИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН В СФЕРЕ РЕЛИГИИ

  • Posted on: 16 April 2018
  • By: admin

1. Концепция государственной политики Республики Таджикистан в сфере религии (далее – Концепция) определяет и регулирует цели, задачи и приоритетные направления государственной политики Республики Таджикистан в сфере религии с учётом национальных интересов страны.

КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ДИН

  • Posted on: 16 April 2018
  • By: admin

1. Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин (минбаъд – Консепсия) мақсаду вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи динро бо дар назар доштани манфиатҳои миллии кишвар муайян ва танзим менамояд.

ОШКОР ГАРДИДАНИ ҲОЛАТИ ҚОНУНШИКАНӢ ДАР НАТИҶАИ РЕЙДИ МУШТАРАК

  • Posted on: 5 April 2018
  • By: admin

Дар натиҷаи гузаронидани рейди муштараки кормандони Кумита дар якҷоягӣ бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати вайрон намудани талаботи қисми 6 моддаи 10-и Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи шаҳрванд Ҳотамов Саидқул ошкор гардид. Аз тарафи Кумита парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳия карда шуда барои баррасӣ ба суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ирсол карда шуд.

 

КУРСҲОИ ОМӮЗИШӢ ВА ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА МИЁНИ КОРМАНДОНИ СОҲА

  • Posted on: 3 April 2018
  • By: admin

Аз тарафи шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят курси бозомӯзии кӯтоҳмуддат барои мудирони бахшҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва кормандони онҳо, инчунин сармутахассисон оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ҷиҳати рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» баргузор гардид.

Страницы