Хабар

27-УМИ МАЙ – ОҒОЗИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

  • Posted on: 24 May 2017
  • By: redactor

Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки оғози моҳи шарифи Рамазон дар кишвар ба 27-уми майи соли 2017 рост меояд. Ин нуктаро Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдулқодирзода дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баён дошт.

АРЗИШИ ХИЗМАТРАСОНИҲО БАРОИ МАВСИМИ “ҲАҶ-2017” МУАЙЯН ГАРДИД

  • Posted on: 17 May 2017
  • By: redactor

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо барои мавсими “Ҳаҷ-2017”-ро муайян намуд, ки он 32 ҳазору 671 сомонию 89 дирамро ташкил медиҳад. 

1076 маърака, 314 рейд ва 9 қонуншиканӣ дар як ҳафта

  • Posted on: 3 May 2017
  • By: redactor

Аз 24 то 30-юми апрели соли 2017 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 1076 маъракаҳои гуногун баргузор гардиданд, ки кормандони соҳа ҷараёни ин маъракаҳоро бо ташкилу баргузории 314 рейд назорат намуданд.

НИГАРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ РИОЯ НАГАРДИДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУН АЗ ҶОНИБИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ

  • Posted on: 28 April 2017
  • By: redactor

Дар ҷараёни баргузории маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар масъалаҳо ба масъалаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Хатлон: 80 ҳолати қонуншиканӣ дар се моҳ

  • Posted on: 27 April 2017
  • By: redactor

Гурӯҳи кории Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани корҳои омӯзишию фаҳмондадиҳӣ бо кормандони соҳа ба ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритӯс, Панҷ ва Қубодиёни вилояти Хатлон сафар намуд.

БАРГУЗОРИИ КОФНРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ АЗ ҶОНИБИ КУМИТА (АКСҲО)

  • Posted on: 12 April 2017
  • By: redactor

Бахшида ба “Соли ҷавонон” имрӯз, 12-уми апрел бо ташаббуси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалї дар мавзўи “Ҷавонон омили суботу созандагӣ ва рушди устувор” баргзор гардид.

ДАЪВАТНОМАИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ ИНТИХОБИ ШИРКАТҲОИ ХИЗМАТРАСОН ДАР МАВСИМИ “ҲАҶ – 2017”

  • Posted on: 8 April 2017
  • By: redactor

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабонро барои иштирок дар озмуни интихоби ширкатҳои хизматрасон дар мавсими “Ҳаҷ – 2017”, ки дар як давр гузаронида мешаванд, даъват менамояд.

Страницы