Хабар

ҲНИТ- БА МАРДУМ ТАКЯ НАКАРДАН

Агар ба таҷрибаи фаъолияти дигар ҳизбҳои сиёсии ҷумҳур ва ҳатто ҳизбҳои сиёсии кишварҳои хориҷӣ назар афканем, бараъло маълум мегардад, онҳо доимо ҷиҳати тақвият додани  ҳисси  ватандӯстиву меҳанпарастӣ,ба ҷо овардани шукронаи неъмати бузургтарин, яъне соҳибватанӣ ва озодӣ, ҳифзи содиқонаи  манфиатҳои  милливу  давлатӣ, саъю  талош ба хотири мустаҳакам намудани пояҳои давлати миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Ватан ва дигар табақаҳои иҷтимоии аҳолӣ ҳар гуна вохӯриҳоро ташкил ва баргузор менамоянд

БАДХОҲИ КАСОН…

Хиёнат дар ҳама давру замон аз амалҳои зишту палид миёни инсонҳо маҳсуб меёбад. Ҳамин хиёнат буд, ки боиси шикасти давлатҳо, ба вуҷуд омадани ҷангу хунрезиҳои шадид ва ҳатто аз байн рафтани кишварҳои абарқудрат гардид.

ҲАШАРИ НИҲОЛШИНОНИВУ ОБОДОНӢ АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНИ КУМИТА

13-уми январи соли 2018 кормандони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи қабристони “Лучоб” ба ҳашари нишолшиносӣ ва ободонӣ баромаданд. Кормандони Кумита дар мавзеи зикршуда гулҳои ороишӣ ва беш аз ду ҳазор бех ниҳол шинониданд.

ХУДНАМОӢ, ТАҚЛИДКОРӢ ВА БЕГОНАПАРАСТӢ ХОСИ ТОҶИКОН НЕСТ!

Ҳар амале, ки баёнгари риёкорӣ ва худнамоии мардум бошад, аз назари шариати исломӣ ҳаром аст ва бешак корҳое, ки дар ин мақола аз он манъ шуда, намоёнгари ин матлабанд. Чунин амалҳо дар шариат нодуруст ба шумор рафта, дар мавриди шахсоне, ки муртакиби чунин хатоҳо мешаванд, таҳдиди шадиде омадааст.

ҶОНИБДОРӢ АЗ МАҚОЛАИ “ОМЕХТАГИИ ҲНИТ БО ДИИШ”, ҲАФТАНОМАИ “ИМРӮЗ-NEWS” №01(1575) АЗ 10.01.2018

Мақола он ҳама рӯйдодҳо, қатлу кушторҳо ва аъмоли террористиеро, ки аз ҷониби аъзоёни ҲНИТ ба амал омада, ба рӯзгори осоиштаи мардуми кишвар таъсири манфӣ боқӣ гузоштааст, ба таври муфассал ёдрас менамояд

МЕДОНЕМ, КИ ҲНИТ КАЙҲО АРЗИШҲОИ МУҚАДДАСРО ФУРӮХТААСТ

Имрӯзҳо дида мешавад, ки дар расонаҳои гуногуни хориҷӣ ва интернетӣ роҳбарони ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар бораи ватан, миллат, мазҳаб гап мезананд ва хонандагонро ба гумроҳӣ водор менамоянд. Аммо мардуми Тоҷикистон хурду калон медонанд, ки онҳо ин арзишҳои муқаддас, яъне ватану миллатро кайҳо фурӯхта, зери пой кардаанд.

БЕТАРАФИИ НАҲЗАТИЁН ДАР БАРОБАРИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

Роҳбарияти ҲНИТ, ки аз иштироки ҷавонони мо ба сафи ташкилоти террористии ДИИШ манфиатдор буданд, боре огоҳ накарданд, ки дар олами ислом равияҳое арзи вуҷуд карда истодаанд, ки амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидааст ва ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад. ҲНИТ дар пешгирии ин ҳодиса иқдомеро пеша накарда, баръакс ба он мусоидат намудааст.

Страницы