Ҳаҷ

БАРОИ РАСИДАН БА ЗИНДАГИИ ШОИСТА ТАЛОШ ВАРЗЕМ

Пешвои миллат таъкид карданд, ки “Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд”. Дар ин росто чунин мешуморем, ки расидан ба ин ҳадаф бо роҳи пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, анҷоми корҳои созандагиву ободонӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ ба даст меояд, ки аз ҳар кадоми мо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд а ташаббускориро тақозо мекунад.

НОМАИ СИПОС АЗ НОМИ ҲОҶИЁН

Зиёрати хонаи Худо яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини ислом ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҳар як бандаи мӯъмину мусалмон аз овони ҷавонӣ дар қалби худ орзуи сафари ҳаҷ карданро мепарварад. Дар даврони шӯравӣ падару бобоён, модару момоёни азизи мо дар орзую армони зиёрати хонаи Худо буданду лек имконияти амалӣ намудани онро надоштанд. Миқдори баҳаҷравандагон хеле маҳдуд буд...

ИФТИХОРНОМАИ ВАЗОРАТИ ҲАҶИ АРАБИСТОНИ САУДӢ БА КУМИТА

21-уми сентябр Вазорати ҳаҷи Мамлакати Арабистони Саудӣ барои дар сатҳи лозима ба роҳ мондани корҳои ташкилӣ ва таъмини ҳамаҷонибаи хизматрасониҳо ба ҳоҷиёни тоҷик ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорнома тақдим намуд. И

САФАРИ ГУРӮҲИ НАХУСТИНИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ АДОИ МАНОСИКИ ҲАҶ

Субҳи имрӯз нахустин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои маносики ҳаҷ ба Мамлакати Арабистони Саудӣ сафарбар гардиданд. Дар расми гусели ин гурӯҳи зоирон дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ва Сафири Арабстони Саудӣ дар Тоҷикистон Муҳаммад Абдулазиз ал-Бодӣ иштирок намуданд.

АРЗИШИ ХИЗМАТРАСОНИҲО БАРОИ МАВСИМИ “ҲАҶ-2017” МУАЙЯН ГАРДИД

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо барои мавсими “Ҳаҷ-2017”-ро муайян намуд, ки он 32 ҳазору 671 сомонию 89 дирамро ташкил медиҳад. 

ДАЪВАТНОМАИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ ИНТИХОБИ ШИРКАТҲОИ ХИЗМАТРАСОН ДАР МАВСИМИ “ҲАҶ – 2017”

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабонро барои иштирок дар озмуни интихоби ширкатҳои хизматрасон дар мавсими “Ҳаҷ – 2017”, ки дар як давр гузаронида мешаванд, даъват менамояд.

Ҳоҷиёни тоҷик ба Мино расиданд

10-уми сентябр интиқоли ҳоҷиёни тоҷик аз меҳмонхонаҳои Макка ба водии Мино сурат гирифт. Ҳоҷиёни тоҷик баъди як рӯзи иқомат дар Мино субҳи 11-уми сентябр ба мавзеи Арафот сафарбар мешаванд. 
Мутаассифона, баъди расидан ба Мино сокини 61-солаи ноҳияи Дӯстӣ Арал Шукуров ба таври 

Страницы