Ҳаҷ

Аввалин гурӯҳи ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Мадинаи мунаввара расиданд

  • Posted on: 21 August 2016
  • By: admin

Имрӯз 21-уми август нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик ба Мадинаи мунаввара расиданд. Дар фурӯдгоҳи шарҳи Мадина ҳоҷиёни Тоҷикистонро сардори шӯъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумита Абдуғаффор Юсуфов, аъзои гурӯҳи корӣ ва намояндагони ширкати хизматрасони кишвари Арабистони Саудӣ 

Нахустин гурӯҳи кории мавсими "Ҳаҷ-2016" ба Макка ва Мадина расиданд

  • Posted on: 19 August 2016
  • By: admin

17-уми августи соли равон як гурӯҳи 14-нафараи корӣ бо роҳбарии сардори шуъбаи равобити байнавлмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумита Абдуғаффор Юсуфов озими Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара шуданд. Ҳадафи сафари гурӯҳи мазкур, ки кормандони масъули Кумита, табибон, ошпазон ва чанде роҳбаладон ба он 

Нархи хизматрасониҳо барои мавсими Ҳаҷ-2016 муайян гардид

  • Posted on: 15 June 2016
  • By: admin

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасниҳо дар мавсими Ҳаҷ-2016-ро муайян намуд, ки он 28 ҳазору 649 сомонию 10 дирамро ташкил медиҳад.
Маблағи мазкур барои пардохти маблағи

Озмун барои омода намудани ҷузвдони ҳоҷиёни мавсими “Ҳаҷ-2016”

  • Posted on: 15 June 2016
  • By: admin

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани ҷузвдонҳои хурду калон барои ҳоҷиёни Тоҷикистон дар мавсими “Ҳаҷ-2016” озмун эълон менамояд. Ширкатҳои ватание, ки хоҳиши иштирок дар озмунро доранд, метавонанд бо телефони 223-12-58 дар тамос шаванд. Озмун рӯзи 1-уми апрели соли 2016 соати 1500 дар

Оғози қабули ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагони мавсими “Ҳаҷ 2016”

  • Posted on: 15 June 2016
  • By: admin

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки шурӯъ аз имрӯз, 4-уми марти соли 2016 қабули ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид. Қабули ҳуҷҷатҳо то 19-уми март дар шӯъба ва бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар сурат мегирад.

Озмун барои интихоби роҳбаладони мавсими "Ҳаҷ-2016"

  • Posted on: 15 June 2016
  • By: admin

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати интихоби роҳбаладони мавсими "Ҳаҷ-2016” озмун эълон менамояд.
Огоҳии комил доштан аз маносики ҳаҷ, доштани малакаи хуби ташкилотчигиву муошират бо ҳоҷиён, ҷисман обутобёфта ва дар шароити душвор кор кардан, донистани забони арабӣ ёанглисӣ дар сатҳи муошират аз шартҳои асосии озмун аст. 
Дар озмуни роҳбаладони мавсими "Ҳаҷ-2016” нафарони синнашон то 60- сола иштирок карда метавонанд.

Бартарият ба куҳансолон эҳтиром ба онҳост

  • Posted on: 15 June 2016
  • By: admin

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну марососимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имсол низ, ҳиссаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои адои маносики ҳаҷи фарзӣ бетағйир боқӣ хоҳад монд. Дар мавсими Ҳаҷ-2016 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандон барои адои зиёрати Хонаи Худо сафарбар мегарданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар мавсими гузашта Кумита дар самти адои маносики ҳаҷ ба қишри куҳансоли аҳолӣ (шаҳрвандони синну солашон аз 35-сола боло) афзалият дода буд ва чунин иқдом натиҷаҳои хубе ба бор овард.

Страницы