АРЗИШИ ХИЗМАТРАСОНИҲО БАРОИ МАВСИМИ “ҲАҶ-2019” МУАЙЯН ГАРДИД

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо барои мавсими “Ҳаҷ-2019”-ро муайян намуд, ки он 35 ҳазору 128 сомониро ташкил медиҳад.

Ба маблағи зикршуда хароҷоти зер дохил мешавад:

  1. Чиптаи ҳавопаймо (рафту баргашт)
  2. Иқомат ва будубош дар Макка ва Мадина.
  3. Таъмини ҳоҷиён бо хӯрок дар давоми мавсими ҳаҷ.
  4. Таъмини роҳбаладони соҳибтаҷриба ва забондон барои ҳар як гурӯҳ дар тӯли сафари ҳаҷ.
  5. Иқомат дар Мино, Муздалифа ва Арафот.
  6. Пардохти маблағи қурбонии ҳоҷиён.
  7. Таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён: Ҷидда – Макка – Мино – Арафот – Муздалифа – Мино – Макка – Мадина.
  8. Пардохти маблағи ширкатҳои хизматрасон дар Арабистони Саудӣ
  9. Ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина
  10. Таъмини ҳоҷиён бо бейҷикҳо, маълумотномаҳо ва китобчаҳо доир ба ҳаҷ.
  11.  Таъмини ҳоҷиён бо ҷузвдон.

Ҳаҷравандагон метавонанд маблағи зикршударо дар нуқтаҳои хизматрасонии “Ориёнбонк” пардохт намоянд.