ТАҚДИМИ ГУВОҲНОМА БА ХОДИМОНИ ДИНИ ВМКБ

Дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тақдими гувоҳномаҳо ба ходимони дини Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ Раиси Кумита Сулаймон Давлатзода ба 50 ходими дини ВМКБ, ки ба курси ҳафтрӯзаи омӯзишӣ ҷалб гардида буданд, гувоҳнома тақдим намуд.

Дар гузашта ходимони дини дигар минтақаҳои кишвар низ ба дарсҳои омӯзишӣ ҷалб гардида буданд.