Тавофи каъбаи дил кун, агар диле дорӣ...
Опубликовано чт, 05/31/2018 - 13:44 пользователем adminМулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷики стон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеаи кишвар дар арафаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон сурат гирифт, ки бесабаб набуд. Моҳи шарифи Рамазон барои сокинони мусулмо ни сайёра моҳи муқаддас ва муборак маҳсуб мегар дад. Дар ин моҳ яке аз фаризаҳои худовандӣ, яъне рӯза гирифтан амалӣ мешавад. Ин моҳро ҳамвата нони мо, пиру барно дар давоми сол интизор меша ванд ва бо ихлосу боварӣ истиқбол мекунанд. Мар думи ботақво дар ин моҳ тоату ибодат мекунанд ва шахсони шароитдошта дасти сахо ба сӯи ашхоси ниёзманд дароз месозанд.