НАТИҶАИ НАЗАРСАНҶӢ ДОИР БА ТАТБИҚИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Submitted by Administrator on Fri, 02/12/2021 - 09:09Қайд кардан бамаврид аст, ки пурсишномаи мазкур дар ҳудуди 10 ҳазор аз тарафи Кумита тартиб дода шуда, аз санаи 03 то 05 декабри соли 2020 кормандони Кумита ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати гузаронидани таҳқиқоти сотсиологӣ ва гирифтани назари шаҳрвандон сафари хидматӣ намуданд. Бинобар фурсати кам ва теъдоди зиёди пурсишнома 3 ҳазор аз он аз ҷониби Кумита таҳлил гардида, аз ин миқдор 1665 нафар (55%)-и мусоҳибонро мардон ва 1335 нафар (45%)-ро занон ташкил доданд.