«ИТТИҲОД»-И ҚИЁМИДДИНИ ҒОЗӢ БА МИЛЛАТ ЧӢ ДОД?

Чанде пеш филми мустанади «Решаҳои ноаён», ки кору фаъолияти разилона ва хоинонаи намояндагони ҳизби мамнуъи наҳзати ба ном «исломӣ» (аз исломӣ гуфтани навиштани ҳизби мазкур забон намегардаду даст пеш намеравад)-ро ба риштаи тасвир мекашид, тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар манзури сокинони кишвар гардид.

Муҳимтарин нуктаи ҳуҷҷатӣ будани филм ва аҳамияти таърихӣ доштанаш дар он аст, ки бевосита яке аз саркардагони ҳизби наҳзати ба ном «исломӣ» парда аз рӯи фаъолияти разилона ва хоинонаи ин ҳизб бардошта, аз аъмоли ношоистаи дар ҳаққи МИЛЛАТ, ХАЛҚ,  ДАВЛАТ ва МАЗҲАБ кардаи саркардаҳову пайравони он ошкоро сухан мегӯяд ва назди мардуми шарифи ТОҶИК изҳори таассуф карда, ба хиёнатҳои кардааш иқрор мешавад. Ҳатто бешармона аз мардуми шарифи тоҷик узр мепурсад, ки барои хиёнатҳояш ӯро бубахшанд.

Қаҳрамони меҳварии филм, яке аз саркардагони ҳизби наҳзати ба ном «исломӣ», ҷосус, хоин, ватанфурӯш, бардаи зархарид, мазҳабфурӯш – Эшони Қиёмиддини Ғозӣ мебошад. Эшони хоин бори дигар чеҳраи ҳақиқиашро бо эътирофи шахсии худаш ба ҷурмҳо ва хиёнатҳои сангини дар ҳаққи МИЛЛАТ, ХАЛҚ, ВАТАН, ДАВЛАТ ва МАЗҲАБ кардааш нишон дод. Мардуми шарифи тоҷик нияту мароми касифи саркарда ва пайравони ин ҳизби хоинро, ки исломро ҳамчун шиори расидан ба аҳдофи чиркини сиёсии хоҷагони шиа ва эронии худ истифода мебурданд, дар фитнаву фасод, ҷангу ҷидолҳои хунин, майдонбозиву мансабталошиҳо, қатлу ғорат ва парешониву оворагии мардуми бегуноҳи тоҷик диданд ва ҳамагӣ шоҳиди бевоситаи он низ буданд.

Дар филми мустанад дида мешавад, ки Қиёмиддини Ғозӣ дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта бо як шуру эҳсосот дар минбари майдони «ШАҲИДОН» наъра кашида, мардуми ба дом афтодаро ба ким кадом «ИТТИҲОД» даъват мекунад. Қиёмиддини Ғозӣ баландгӯякро дар як дасташ дошта, дасти дигарашро мебардораду «ИТТИҲОД», «ИТТИҲОД» мегӯяду ҷор меандозад…

Эй хоин, ватанфурӯш, зархарид ва мазҳабфурӯш, ту аз кадом «ИТТИҲОД» ҳарф мезанӣ??? Бо кадом «ИТТИҲОД» мардумро роҳгум мекардӣ?! Бо ҳаммаслаконат миллати тоҷикро парешон намуда, мардумашро хонавайрон, овораву сарсон кардед, даҳҳо ҳазори дигарро қурбонии фитнаву дасисаҳои худ сохтед ва ҳазорҳо падару модаронро бефарзанд, фарзандонро бепадар ва занонро бешавҳар кардед! Ин буд «ИТТИҲОД»-и шумо!? Шоире дар мавриди хиёнатҳои шумо ва самараи ба бор овардаатон гуфтааст:

Як шуъла аз оташу замине хирман,

Як зарра хиёнату ҷаҳоне даракот.

Воқеан, хиёнати шумо буд, ки замоне Тоҷикистони азизи моро «даракот» (дӯзах) карда, чӣ ғаму кулфатҳоеро ба сари мардуми шарифи тоҷик наовард.

«ИТТИҲОД»-у «ИСЛОМСИТЕЗӢ»-и Қиёмиддини Ғозӣ ва ҳаммаслаконаш Абдуллои Нурӣ, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Ҳалим Назаров, Мулло Абдуғаффор, Мулло Абдулай, Давлати Усмон, Муҳиддин Кабирӣ ва даҳҳо хоинону ватанфурӯшони дигар ба миллати тоҷик чӣ дод? 

  1. Вайрониву харобкорӣ.
  2. Парешониву оворагии миллати тоҷик, яъне гуреза шудани қисмате аз мардуми кишвар.
  3. Ба қатл расидани даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ.
  4. Поён рафтани иқтисодиёти кишвар ва камбизоатии мардум.
  5. Садамаи рӯҳиву равонӣ дидани сокинони кишвар, дар натиҷаи ҷанги хунини таҳмилии шаҳрвандӣ.
  6. Ҳамчун миллати «бародаркуш» муаррифӣ кунондани тоҷикон.

Ин гурӯҳи хоин бо майдонбозиҳову аз номи ислом таъсис додани ҳизб, ҳатто  «давлати исломӣ» танҳо ду мақсад ва ҳадаф доштанд: Аз байн бурдани миллату давлати тоҷикон ва мазҳаби ҳанафӣ, ки хушбахтона, ба ин мақсад ва ҳадафи нопокашон расида натавонистанд.

Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ҷон ба каф гирифта, бо заҳмату талошҳои зиёд мардуми парешони тоҷикро зери як парчам, як давлат ва як мамлакат гирди ҳам оварданд ва миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ раҳониданд, ки тамоми давлатҳои абарқудрати дунё демократӣ, ҳуқуқбунёд, соҳибистиқлол ва мустақил будани онро эътироф карданд ва айни ҳол дар дунё Тоҷикистони азизамон ҳамчун давлати сарсабзу обод ва миллати ТОҶИК ҳамчун миллати куҳану бостон ва сулҳпарвару соҳибтамаддун шинохта мешавад, на ҳамчун давлати ҷангзадаву миллати «бародаркуш». Пешвои муаззами миллат, ки дилу нияти соф доштанду ғамхору мушфиқи миллату давлат буданд, он доғи нангине, ки ин ҳизби хоин бо сӯистифода аз ислом ба миллати тоҷик оварда буд, бо сиёсати хирадмандонаи хеш аз байн бурданд. Самараи сиёсати хирадмандона ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун поягузори тамоми ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, ҷинояткориҳои хусусияти трансмиллидошта, истиқрори сулҳ, ҳифзи муҳити зист ва даҳҳо иқдомҳои сатҳи байналмиллалӣ аз ҷониби СММ ва дигар кишварҳои бонуфузи ҷаҳон эътироф гардидааст. Инчунин, бо ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат давлати соҳибистиқлоламон ба бузургтарин дастовардҳои миллӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳатто динӣ ноил гардидааст.

Қиёмиддини Ғозӣ, ин аст «ИТТИҲОД»! Ин аст сиёсати хирадмандона ва нарм! Ин аст ғамхорӣ ба МИЛЛАТ, ХАЛҚ, ВАТАН, ДАВЛАТ ва МАЗҲАБ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш, ки бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон доштанд (12.05.2018), аз хиёнатҳои Қиёмиддини Ғозӣ ва ҳаммаслаконаш ёдоварӣ карда, гуфтанд: «Моро ҳам доираҳои муайяни манфиатдор дар вақташ бо сӯйистифодаи дину эътиқод ва бо мақсади бунёди давлати исломӣ гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ карда буданд. Мардуми мо он рӯзҳои даҳшатборро ҳаргиз фаромӯш накардаанд ва фикр мекунам, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Бадхоҳони миллати мо ҳанӯз  бо дасти гумоштагону зархаридонашон, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд».

Дар охир, ба суханони худ бо байте аз Ҳофизи Шерозӣ, ки дар мавриди тоифаи мазкур гуфтааст, ҳусни анҷом мебахшам:

 

Ё Раб ин навдавлатонро бар хари худшон нишон,

К-ин ҳама ноз аз ғуломи турку астар мекунанд.

Маъруф Шонасурдинов,

мудири бахши  таҳсилоти динии Кумита