ТЭТ ҲНИ - ҲАМПАЙМОНУ ПУШТИБОНИ «ДИИШ»!

Ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба аҳамияти об, саъю кӯшишҳои доимӣ баҳри некӯаҳволии мардуми шарафманду рушду нумӯи ҳамаҷонибаи диёри азизамон, таъмини сулҳу субот дар минтақа аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид қадршиносӣ гаштаю дастгирӣ ёфта истодаанд. Ҳамаи ин заҳматҳо дар маҷмӯъ обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи  ҷаҳонӣ ба маротиб боло бурда, кишвари моро дар чаҳон машҳур гардонида истодааст. Дар замони соҳибистиқлолии давлатӣ  кишвари гулгуншукуфони мо дар соҳаҳои мухталиф ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст. Соҳаҳои иқтисодиёту  саноат, энергетикаю кишоварзӣ, иҷтимоиёту фарҳанг, илму маориф пайваста дар инкишофу пешравӣ мебошанд ва ин бевосита ба болоравии сатҳи зиндагии аҳолии диёрамон мусоидат мекунад. Иншооти саноатию энергетикӣ, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ босуръат бунёд меёбанд, ки ин дар маҷмӯъ гӯшаю канори Тоҷикистонро хейле зобою озода гардонидааст.

 Ҳеҷ кас, ҳатто дӯстони мо, боварӣ надоштанд, ки иншооти аср-НБО «Роғун» сохта мешавад. Аммо ягона шахсе, ки ба сохта ва ба истифода додани он итминони комил дошту кӯшишу заҳматҳои зиёде дар ин ҷода сарф намуд ва ба монанди кӯҳе аз «бодҳои номусоид» онро ҳимоя кард, Пешвои муаззами мо буд. Натиҷа он гардид, ки  16 ноябри соли ҷорӣ агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иштироки намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Беларус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, дигар давлату ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба кор дароварда шуда, тамоми шакку шубҳаҳоро аз байн бурд. 

Вале, ҳамаи ин пешравиҳою бо тадриҷ беҳтар гардидани некӯаҳволии мардуми кишварро саркардагону фаъолони ташкилоти мамнуъ ва террористии Ҳизби наҳзати исломӣ нодида гирифта, бо мақсади иғвоангезию бадномсозии давлату миллати мо ҳар гуна маводи хабарии туҳматкунандаро дар расонаҳои хабарии ифротиашон паҳн менамоянд. Наҳзатиҳои аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехта, дар хориҷи кишвар паногоҳёфта бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш ва иҷроиши супоришҳои хӯҷаину сармоягузорони хориҷии хеш бори дигар саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ақидаҳои нопоки хешро  сари мардуми тоҷики дохилу хориҷи кишвар таҳмил созанд. 

Аз ин лиҳоз, пайваста кӯшиш менамоянд, амалҳои муғризонаи худро рӯйпӯш намуда, худро мусичаи бегуноҳе нишон диҳанд. Вале амалҳои нопоки онҳоро, ки ҷинояти навбатии он қатли саёҳони хориҷӣ буд, набояд фаромӯш кард. Ҳатто расонаҳои бонуфузи байналмилалӣ  ба таври ошкор ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ТЭТ ҲНИ)-ро ба даст доштан дар қатли 4 сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара айбдор карданд.

Ин «мусичаҳои наҳзатӣ» ба  хотири ба хоҷагони хеш нишон додани  “самаранок” истифода намудани маблағҳои онҳо ва ба  роҳбарони аврупоиашон вонамуд намудани «ҳалолкунии паноҳандагии сиёсии хеш» дар расонаҳои иҷтимоӣ хабаре нашр намуданд, ки аъзои созмонҳои террористӣ 10 декабри соли 2018 дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин гирдиҳамоӣ баргузор менамоянд. Дар асоси гуфтаҳои ба ном «Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон», ки ячейкаи асосии ТЭТ ҲНИ ба ҳисоб меравад, бори дигар исбот мегардад, ки наҳзатиҳо бо «ДИИШ» якҷоя  мебошанд. Дар бораи ҳамкории наҳзатиҳо бо «ДИИШ» дар Сурияю Ироқ расонаҳои зиёде зикр намудаанд ва ин як амали исботшудаи бе шакку шубҳаест. Дар хабарҳои нашркардаи наҳзатиҳо гуфта шудааст, ки мавзӯи асосии гирдиҳамоӣ ҳифзи ҳуқуқи маҳбусон мебошад. Агар воқеан ҳам гирдиҳамоӣ барои пуштибонӣ аз ҷинояткорон баргузор гардад, пас наҳзат бори дигар бо ин амалаш исбот менамояд, ки наҳзат пуштибонии аслии «ДИИШ» дар Аврупо мебошад. Агар воқеан ҳам ин «ҳамоиш» баргузор гардад, М.Кабирӣ бори дигар исбот мекунад, ки аъзои наҳзат бо «ДИИШ» ҳамкории ҷиноӣ доштанд, доранд ва хоҳанд дошт.

Маҳз ҳамин ҳамкории намояндагони ТЭТ ҲНИ бо «ДИИШ» дар Ироқу Сурия буд, ки он шаҳру ноҳияҳои обод ба харобазор табдил ёфта, то ҳозир қабристонҳои дастиҷамъии кӯдакону занону мӯйсафедони бегуноҳи аз дасти диишиҳо бақатлрасида пайдо шуда истодаанд. Дар сурати пеши роҳи наҳзатиҳоро нагирифтан, онҳо барои расидан ба ҳадафҳои хеш метавонанд Тоҷикистони азизро ба харобазорҳои Сурияю Ироқ табдил диҳанд.

Ба хотири тинҷию осудагии кишвар ва доим беғубору мусаффо будани осмони нилгуни ону хандаи доимии кӯдакон ба дасисаҳою суханҳои фиребои онҳо дода нашавему амалҳои онҳоро маҳкум намоем! 

Наҷмиддин Салимов,

сармуҳаррири маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”