“ТАЗОҲУРОТ” Ё ҲИСОБОТЕ НАЗДИ ХОҶА?

Чӣ тавре ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ маълум гардид, ТЭТ ҲНИ даст аз макру фитнаҳои худ боз надошта, роҳи худро дар гумроҳсозии ҷавонон идома дода истодааст. Амали пешакардаи ТЭТ ҲНИ нанговар буда, аз он бӯи ифроту хушунат бармеояд. Мисли таърихи гузашта мехоҳанд, ки ҷавонони моро ба ифроту гумроҳӣ бурда, аз маърифати баланди сулҳу оромиш берун созанд ва ба фитнаи нави худ ҷалб намояд.

Мақсад аз даъват ба ин гуна чорабиниҳои ТЭТ ҲНИ ин пеш аз ҳама амалӣ сохтани ҳадафҳои хоинонаи иддае аз роҳбарони он мебошад. Чунончи, бо ин даъвати худ, роҳбарони ТЭТ ҲНИ мехоҳанд, ки садоқати худро ба хоҷагони хориҷиашон дар пиёда сохтани амалҳои разилонаашон нишон диҳанд. Ҳамчунин, як нуктаро бояд қайд кард, ки хоҷагони хориҷӣ маблағҳои муфтро ба ин хоинон дода, иҷроиши бечунучарои супоришҳояшонро талаб менамоянд. Аз ин рӯ, дар охири сол ин хоинон гӯё ба куҷо сарф кардани маблағҳоро ба хоҷагонашон нишон доданӣ мешаванд.

Аслан, ин гурӯҳи хоинон ба ҳеҷ як арзиш садоқат надоранд, парвои ҷавонону миллат ва ё сулҳу оромишро надоранд. Аз ҳаракатҳои худ дар гумроҳсозии андешаҳои ҷавонон заррае ҳам азоби виҷдон намекашанд, чунки барои ин гуна хоинон танҳо шароити маишии худашон эътиборе дораду бас. Кӯшишҳои ботили ТЭТ ҲНИ хеҷ вақт наметавонад ҳосил биёрад, зеро дарахти онҳо бесамар аст, решаи он пур аз ифроту иғво буда, ғайри фитна чизеро ба бор намеорад. Имрӯз, мардуми азизи мо, дуруст дарк намудаанд, ки даъватҳои ҳар гуна ифротиён ба мисли ТЭТ ҲНИ ин ба ҷуз аз ҳилаи рӯбоҳонаи гургсиратон дигар чизе беш нест.

Мардуми шарифманди Тоҷикистон дар пасманзари таърихи навини худ роҳи пурпечутобро тай намуда, дар замони истиқлолият бо Пешвои муаззами миллат баҳри расидан ба сулҳу осоиш ва рушду такомул ба дастовардҳои беназир соҳиб гардид. Имрӯзҳо зиндагии осудаи халқи Тоҷикистон намунаи ибрат буда, дар кишвар сулҳу субот таъмин ва корҳои ободониву созандагӣ дар авҷи худ қарор дорад.

Дар ростои ҳамаи ин дастовардҳои замони истиқлолият, моро мебояд дар партави ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, пеш аз ҳама шукронаи неъмати бузурги тинҷиву оромиро намуда, эҳтироми арзишҳои миллиамонро баҳри пойдории сулҳу субот ва рӯзгори осудаи ҳар як хонадони Тоҷикистони азизамон ба ҷо орем.

Бахтиёр Юнусзода,

мудири бахши ҳуқуқи Кумита