ТАФРИҚААНДОЗ БА МАҚСАД НАМЕРАСАД

Ҳамагӣ 10 рӯз пештар зарурати  сафар ба ВМКБ пеш омад. Хатсайри мо аз пойтахти кишвар шаҳри Душанбе то шаҳри Хоруғ-маркази ВМКБ ба воситаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон сурат гирифт. То ноҳияи Дарвоз роҳҳои мошингард ва купрукҳо бо сифати баланд таъмиру таҷдид шуда, мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд, ки исботи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи  амаликунонии се стратегияи миллии муваффақ, ки якеи он аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар мебошад, дарак медод. Идомаи роҳ дар интизории таъмиру таҷдид қарор дошта, гумон меравад дар кӯтоҳтарин фурсат корҳои сохтмонӣ дар минтақаи роҳи мошингарди Дарвоз-Хоруғ оғоз хоҳад гардид, ки боз ҳам рафтуомади шаҳрвандон осонтар мегардад.  Баъди ба шаҳри Хоруғ расидан, аввалин мушоҳида ин буд, ки авзои шаҳрро хеле орому осуда дарёфтам. Дар чеҳраи кушоди сокинони шаҳр, пиру барно умед ба фардои  неку ободи ватанамон ҳувайдо буд. Ҷавонон, ки бештарашон донишҷӯён буданд, бо либосҳои тоза, ороставу пероста ба донишкада равон буданд. Қисме аз корафтодагон ба сӯи идораҳои давлатӣ раҳсипор буданд, масъулон онҳоро гарм пазироӣ ва роҳнамоӣ мекарданд. Тифлакон бо китобу  дафтар ба сӯи мактабҳо ва аз онҳо хурдтаракон ба боғчаи бачаҳо раҳсипор буданд. Ҳаракати нақлиёти мусофиркаш ва мошинаҳои шахсиву давлатӣ дар шаҳр муназзам  ҷараён дорад. Дидбонгоҳи нозирони нақлиёт дар сарҳади воридшавӣ  ба шаҳр ва ҳамагӣ дар як ҷой, дар маркази шаҳр, ба чашм расид, ки нозирон ва афсарон он қадар ҳам серкор ба назар намерасиданд. Ягон-ягон мошини роҳгузарро муоина мекарданд, қисми зиёди мошинҳо бемамониат рафту омад доштанд. Дари бозору мағозаҳо то бевақтии шаб боз буда, рафҳо пур аз анвои хӯрокаву  пӯшока ва маводи рӯзгор аст. Ошхонаву тарабхонаҳо ҳам серодам ба чашм мерасид, садои пасти мусиқии дилнишин дар толорҳо танинандозу пешхизматҳо омодаи хизматрасонӣ буданд. Муштариён бештар ҷавонон буданду бо димоғи чоқ суҳбат намуда, таом тановул мекарданд. Иморатҳои ҳозиразамону баландошёнаи навсохт ба шаҳри Хоруғу ноҳияҳои Рушон, Роштқалъа, Дарвозу Ванҷу Шуғнон ҳусни дигар зам намуда, аз тамошои  он чашми бинанда ҳаловат мебарад.

Ин ҳамаро бо чашми худ дида, беихтиёр “ғамхориҳо”и- наҳзатиҳо пеши назарам омад, ки аз тариқи расонаҳо ба чор тараф ҷор зада, “ғамхор”- будани худро нисбати Бадахшониҳо исбот карданӣ мешуданд.

Беихтиёр ба худ савол додам, ки агар ин наҳзатиҳо дар ҳақиқат ғамхори ин сарзамину ин миллат бошанд, пас  дар 15 соли фаъолияти худ,  аз он  миллионҳо доллари аз хоҷагонашон гирифта, барои ватани худ, деҳаи худ оё ягон ободӣ, бигузор як истгоҳ, як хатти об, як бунгоҳи тиббӣ сохтаанд? Шахсан ман аз ободкории онҳо, то ҳол ягон маълумот надорам. Шумо чӣ хонандаи азиз? Боварии комил дорам, Шумо ҳам ягон хабар надоред. Пас худатон қазоват кунеду хулоса бароред, ки ватандорӣ бо сухан аст, ё амал. Пас биёед таҳлил кунем,  кӣ кор мекунаду кӣ суханфурӯшӣ мекунад. Кӣ рост мегуяду кӣ дурӯғ.

Ҷаноби Олӣ аз рузи аввали оғози кори худ ваъда намуда буд, ки ба Шумо сулҳ меорам. Ин ваъдаро  бо сари баланд соли 1997 иҷро намуд.         

Ваъдаи дуюми Пешвои миллат бо маводи хӯрока таъмин намудани кишвар буд. Мо ба як лаби нон муҳтоҷ будем, имрӯзҳо сад намуди нонро дар дастархон дорем.

Ваъдаи сеюми Ҷаноби Олӣ аз кишвари сетақсим сохтани кишвари воҳид буд, ки бо сохтани роҳу пулҳо ва нақбҳо ин ваъдаро амалӣ намуд.

Ва ниҳоят, ваъдаи ниҳоӣ бо барқи доимӣ таъмин намудани кишвар буд, ки 16 ноябри соли 2018 бо ба истифода додани НОБ-и “Роғун” Пешвои миллат ба ваъдаи худ вафо намуд.

Қазовати боқимондаро ба хонанда ҳавола месозам.

Иловатан ҳаминро гуфтаниам, ки даъвати наҳзатиҳо ва ҳаводорони онҳо ба гирдиҳамоӣ ва тазоҳурот як андешаи  ботил аст, ки мехоҳанд мардумро гумроҳ созанд, вале ин пиндорест, ботил. Чунки мардуми кишвар сиёҳу сафедро барвақт фарқ мекунад ва аз ин тафриқаандозон аз ҳамин ҷо то Аврупо безоранд.  

Азизи Мирзо