КӮРДИЛОНАНД, КИ ПЕШРАФТРО НАМЕБИНАНД

Ҳар қадар ташкилоти мамнуъ ва террористии Ҳизби наҳзати исломӣ бешармона дар давлатҳои хориҷ минбари бепоя  ташкил мекунаду бо чанд нафари гумроҳ ба қавле ҷамъомад барпо менамояд, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамон қадар аз хиёнаткориву ватанфурӯшии роҳбарону саркардагони ин ташкилоти мамнӯъ бештар ва саҳеҳтар огоҳ мешаванд. Зиёда аз он роҳбарону саркардагони ин ташкилоти мамнӯъ ҳар қадар ҳангома барпо карданӣ мешаванду  ҳарзагӯӣ мекунанд, мардуми сарбаланди кишварамон ҳамон қадар, балки зиёдтар аз кирдорҳои ғайриинсонии онҳо дар солҳои навадуми асри гузашта бохабартар мешаванд.

Имрӯз хурду калон, нафаре, ки дилу чашми инсонӣ дорад, нафаре, ки шукронаи осоишу оромиш ва равшании хонадон мекунад, нафаре, ки бо чашми ҳақиқат ба кӯҳи бунёдкорӣ менигарад, дар ҳар қадам созандагиро, ободониро мебинад, садҳо нафрат дорад ба чеҳраҳои сиёҳу суханони бепояву дурӯғини роҳбарону саркардагони ин ташкилоти мамнӯъ.

Имрӯз агар нафаре аз ҳафтоду панҷ ҳазор гектар замине, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муаззами Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз солҳои вазнини навадуми асри рафта барои тамоми мардуми деҳот бахшиданд, як пора нон хурда бошад, то умр боқист, шукронаи ҳамон нону шукронаи ҳамин давлату давлатдорӣ мекунад. Ва ин нафар як не, миллионҳо мардуми Тоҷикистонанд, ки имрӯз ҳам аз замини Президентӣ нон мехӯранд ва шукронаи Сарвари давлат мегӯянд.

Имрӯз агар нафаре аз баракати сулҳи бардавому аз нерӯи ваҳдати  миллӣ қуввату дармон ёфтаву қомати рӯзгорашро рост карда бошад, ба сулҳовари тоҷикону ба созандаи ваҳдати миллӣ сари таъзим фуруд меорад. Ба поягузор ва роҳбаладу роҳнамои сулҳи миллат Президенти мардумии Тоҷикистон. Ва як нафаре не, тамоми мардуми Тоҷикистон.

Имрӯз агар нафаре ҷониби Хуҷанди бостониву Бадахшони сарбаланд сафаре карда бошад, оё метавонад шукр нагӯяд ба созандаи ин роҳу нақбу пулҳои сершумор? Садҳо, балки миллионҳо мардуми шарифи мо шукронаи роҳу шукронаи роҳати роҳ мекунанд, шукронаи давлату Сарвари давлат.

Аз ҳазор кори хайру созандагиву бунёдкорӣ, ки ҳамагӣ дар муддати 25-26 соли Истиқлолияти давлатӣ анҷом ёфтанду пайваста амалӣ мешаванд, боз кадомашро бигӯем, ки роҳбарону саркардагони кӯрдили ин ташкилоти мамнӯъ бубинанд ин ҳамаро? Балки мебинанду аз нотавонбинӣ, аз буғзу кинаву адовату ҳасудӣ нодида мегиранд. Мард касест, ки бубинад ин ҳамаро.

Ба бахти мо ин ҳақиқат як китобе шудааст бисёр арзшишманд, китобест, ки чун варақгардон менамоӣ, аз хама саҳифаҳояш  ҳарфҳои заррин мерезад: аз боби рушди маорифу фарҳангу тандурустӣ, роҳсозиву бунёдкориву созандагӣ сухан мегӯяд. Ва ин китоби арзишманд ҳама дастовардҳои нодирро марбут ва мансуб медонад ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ва инак, имрӯз пешорӯи мо китоби дигари арзишманд-корномаи Роғун саҳифа боз менамояд. Корномаи Роғун маҳз бо ибтикор, ташаббус, бо сабру таҳаммули бепоёни Президенти муҳтарами кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфтаву агрегати якуми он ба кор даромад.

Кадоме аз роҳбарони ҳизби мамнӯъ, ки даъвои ҳукумату даъвои вазирӣ мекунанд, ба нафаре нон дода бошад, ниҳоле шинонда бошад, дасти ятиме гирифта бошад, як қадам роҳе барои мардум бунёд карда бошад, ба ҷуз хиёнаткориву ватанфурӯшӣ, ба ҷузъ чанд ҷавони бехабар аз найрангу ниятҳои сиёҳро аз пайи худ бурдан, чун худашон ҷинояткор кардан.

Тири хиёнаткор ҳамеша хок мехӯрад. Мо дидем, ки тамоми ҳангомаву маҷлисҳои бебунёди Кабирӣ бо ҳамроҳонаш дар чанд давлатҳои хориҷа бо шармандагӣ анҷом ёфтанду хушбахтона, ҳеҷ таъсире ба ҷомеа нагузоштанд, балки нафрати мардумро нисбати онҳо зиёд карданд.

Ин навбат ҳам тири аъзо ва тарафдорони ташкилоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ-террористӣ эълоншудаи Наҳзати исломӣ, ки дар назди бинои Сафорати Тоҷикистон дар Олмон пикет ташкил намуданд, хок хӯрд.

Саттор Маҳмудзода,

сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну

маросими Кумита