МУРОҶИАТ БА КАБИРӢ: МАРД БОШ Ё ДАР ХИЗМАТИ МАРД!

"Мулло"-Кабирӣ, биёед аз фитнаву тазоҳуроти масхара даст бардоред! Бо чор панҷ хоину авбош дар хориҷи кишвар шӯру мағал бардошта, гирдиҳамоиву тазоҳуроти масхараро роҳандозӣ кардан нишонаи мардӣ нест. “Ҳазрат”-и Кабирӣ, магар митингу майдонбозиҳои барпокардаи «падари муқаддасатон» набуд, ки Ватани азизамонро ба оташу хун кашида буд? Оё ин ҳанӯзам бароятон дарси ибрат нашдуааст? Суханрониҳои фиребанда ва бо як муҳаббати сохта, ки дар шаҳри Берлин ироа кардед, дидему шунидем. Шумо аз «мубориза» ҳарф мезадеду авбошони атрофатонро «мубориз» хитоб мекардед ва онҳоро ба «мубориза» бармеангехтед, аз адолат ва садои миллат ҳарф мезадед. Кабирӣ-ако, шумо бо кӣ мубориза бурданиед? Бо миллату мардуми тоҷик? Аз кадом «адолат» ҳарф мезанед? Дар суханрониатон гуфтед, ки бо тазоҳуротатон «садои миллат»-ро ба гӯши ҷаҳониён расониданиед. Садои кадом миллат? Шумо аз кадом миллат ҳарф мезанед? Як бор оҳу нолаи мардуми тоҷикро ба самъи ҷаҳониён расонида будед.     Майдонбозиҳову тазоҳуротатон хуни зиёда аз 150 ҳазор сокинони Тоҷикистонро, ки қисми асосиашонро ҷавонони қувваи коридошта ташкил мекарданд, ба ноҳақ рехтанд, 55 ҳазор кӯдак ятиму бепарастор ва 25ҳазор зан бешавҳар монд. Агар аз ёди шумо рафта бошад, миллати тоҷик онро фаромӯш накардааст. Агар миллати тоҷик ҷонибдори шумо мебуд, ҷанобашон дар ба дар шӯру мағал бардошта намегаштанд. Ё шояд миллат гуфта ҳамон чанд нафар авбошу хоини атрофатонро дар назар дошта бошед? Ҷаноби Кабирӣ, биёед, мардонавор иқрор шавем, на шумо, на «падари муқаддасатон» ва на ҳизби ба ном «исломӣ»-атон коре барои халқу миллати тоҷик накардаед! Вақте сухан аз ислом рафт, суоле дар зеҳнам расид, ки чаро ҷаноби Кабирӣ дигар аз ҳизбашон, аз «ислом»-ашон ёд намекунанд? Ҳатто кор то ҷое кашидааст, ки дар суханрониҳояшон «бисмиллоҳ»-у «алҳамдулиллоҳ»-ро низ ба боди фаромӯшӣ додаанд. Ҷаноби Кабирӣ, чаро давлати исломӣ сохтанро раҳо кардеду паси паймони миллиро гирифтед? Шояд ҳизбатонро миллӣ карданӣ бошед?

Ҷаноби Кабирӣ, ман бо боварӣ гуфта метавонам, ки миллати тоҷик аз вуҷудатон безор аст! На шуморо мехоҳаду на ҳизбатонрову на ҳампаймонони хоинатонро! Ҷаноби Кабирӣ, шумо танҳо ду роҳ дар пеш доред, ки интихоби дурусти шумо боиси сарбаландиатон ва хушнудии миллати тоҷик мегардад. Агар миллати мавриди назаратон воқеан МИЛАТИ ТОҶИК бошад. Ман итминон дорам, ки бо он ҳама «холабозӣ»-ву шӯру мағалатон ва «муборизони майдонғарибатон» коре карда наметавонед. Танҳо натиҷааш ҳамон қиссаи «эзори писари қозӣ» мешавад. Ҷанобашон қиссаи «эзори писари қозӣ»-ро медонистагистанд. Ин роҳи пешгирифтаатон ҷуз бадномии ҷанобашон нест. Ҷаноби Кабирӣ, дар урфият мегӯянд, ки «мард бош ё дар хизмати марде бош». Вақте аз уҳдаи «мард» будан набаромадед, аз фитнаву дасиса даст кашида, дар хизмати марде мисли Пешвои муааззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камар мебастед (ҳарчанд лаёқати хизмат ба ин абармарди миллатро надоред). Мутаассифона, аз уҳдаи ин ҳам набаромадед. Ҷаноби Кабирӣ, Пешвои муаззами миллат буданд, ки кишвари ба хуну оташ кашидаи шуморо орому обод ва миллати оворасохтаатонро  ба ҳам оварда, ба хотири миллати тоҷик ва сулҳу суботи кишвар аз хиёнатҳои шумо гузашт намуданд, мутаассифона боз ҳам хиёнат кардед. Дигар чӣ гӯям?!...

Маъруф Шонасурдинов