“ТАҶРИБАИ ТАЪРИХӢ”-И НАҲЗАТ

Ҳар як ташкилоту ҳаракат новобаста аз шакли фаъолияташон бояд охири ҳар сол ҳисоботи солона пешниҳод кунанд.

Наҳзатиён, ки дар хориҷи кишвар аз ҳисоби хоҷагони хориҷии худ фаъолияту зиндагӣ мекунанд, зарур ва ҳатмӣ аст, ки онҳо низ назди сарпарастони худ ҳисоботи солона пешниҳод намоянд ва зиндагии шоҳонаи бемеҳнатро ба даст оранд.

Дигар ин ки пайравону саркардагони Наҳзат дар он мамолике, ки сукунат доранд, ба ҳеч кору фаъолият машғул нестанд, яъне дар ягон заводу фабика ё дар ягон муассисаву хоҷагӣ фаъолият надоранд.  Пас ба таври ҳатмӣ ва бояду шояд ягон навигарие эҷод кунанд, ки писанди хоҷагонашон гарданд. Аз ин ру Наҳзатиён тасмим гирифтаанд, ки  "ҳисоботи солонаашон" як “ҳисоботи арзанда” ва диққатҷалбкунанда барои хоҷагон бошад. Ва тасмим бар он гирифтанд, ки аз таҷрибаи деринаи дар Тоҷикистон доштаи худ, яъне "митингбозӣ" истифода намоянд. Ҳайҳот, ҳайҳот, ки наҳзатиён фаромӯш кардаанд, ки имсол соли 2018 милодӣ аст, на соли 1992. Ва ба истилоҳи дигар "кӯр асояшро як бор гум мекунад".

Наҳзатиён медонанд, ки аз ин амали номатлубашон ғайри маломату надомат ва бадномӣ назди таърих чизи дигаре намегузоранд, лекин дигар илоҷе надоранд ва бояд "ҳисоботи солона"—ашонро барои "зиндагии фардо" диҳанд.

Икром Бегалиев,

сармутахассиси Кумита