“ДОИЁНЕ ДАР ДАРИ ҶАҲАННАМ”

Дарди ихтилоф ва тафриқа ҷомеаи мусулмононро фаро гирифта, ки маншаи он амалкарди доиёне чун наҳзатиён аст, ки бо номи ислом мусулмононро ба ҳамдигар душман сохта, бо гумроҳ сохтани ҷавонон аз масири воқеии аҳли суннат ва ҷамоат, бахусус таълимоти Имоми Аъзам, онҳоро барои мухолифат бо мусулмонон "таълими динӣ" медиҳанд. Дар ҳаққи чунин «даъватчиён» Расули Худо фармудаанд: «Гурӯҳе аз доиён бар дари ҷаҳаннам меистанд ва пайравонашонро ба дохили он меафкананд» (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое фаъолият мекунанд, ки дар байни мусулмонон тафриқа эҷод намуда, боиси парокандагӣ ва қафомондагии мусулмонон ва дар натиҷа, сар задани ихтилофоти хунин мегарданд.

Яке аз чунин ҷараёнҳо-ин ташкилоти экстремистию террористии «ҲНИ» мебшад, ки аз рӯзи фаъолият то ин замон ҳамеша роҳбарон ва пайравони ин ташкилоти мамнуи ифротӣ дар суханрониҳо ва вохӯриҳояшон аз номи поки дини мубини ислом суиистифода намуда, мардуми бесаводу нофаҳмро ба сафи худ даъват намуда, дар охир онҳоро ба манфиати разилона ва хоинонаи хеш истифода мебаранд.

Чунонеки ҳамагон огоҳи дорем, санаи 10 декабри соли ҷорӣ аз ҷониби саркардагони ташкилоти террористии «ҲНИ», «Гурӯҳи-24» ва дигар ба ном “мухолифон”-и тоҷик дар Олмон “тазоҳурот” баргузор гардид. Ин хоинони беватану бедин мехоҳанд, ки бори дигар дар байни  мардуми тоҷик, махсусан қишри ҷавони мамлакат ихтилофоти зиёдеро эҷод намоянд. Ҳол он ки ин ватанфурӯшон бехабар аз он ки дигар ҳеҷ вақт мардуми ватани азизамон Тоҷикистон ба суханони бофтаи онҳо бовар нахоҳанд кард.  Зеро ҳоло мардум дарк кардаанд, ки додани шудан ба фитнаҳои наҳзат ин ба маънии хароб кардани хонаи ободи худ аст.

Қиёмиддин Насриддинов,

сармутахассиси Кумита