ТАВБАШИКАСТАГОН (дар ҳошияи “Тавба”-и Додоҷони Атовулло)

Номи Додоҷон Атоулоев барои калонсолон ошно буда, шояд ҷавонон надонанд, ки  ӯ аз ҷумлаи аввалин  рӯзноманигороне буд, ки бо расидани боди бозсозиҳои Горбачёвӣ дар саҳифаи рузномаи худ «Чароғи рӯз» аз демократия ва озодӣ  сухан мегуфт. Баъди оғози нооромиҳои соли 1992 ӯ низ дар ҷумлаи баъзе равшанфикрони кишвар фирефтаи найрангҳои ходимони наҳзатии ҳукуматгаро гардида, солҳои тулонӣ берун аз кишвар қарор дорад.

Аз муҳтавои маводи чопнамудаи ӯ бармеояд, ки аз пайвастан бо ин тоифа сахт пушаймон буда, имрӯз санги маломат ба сари худ мезанад.

Дар ёддошт, аз ҷумла аз саркардагони оппозитсияи Маҳмадшарифи Ҳимматзода, Абдуллои Нурӣ, Шодмон Юсуф, Тоҳири Абдуҷаббор ном бурда мешавад, ки аз рӯзҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ дар қасрҳои муҷаллои хоҷагони беруна нишаста, тарҳи идомаи ҷанги хонумонсӯзро барои ватанашон мекашиданд.

Додоҷон солҳои тӯлонӣ дар садри маҷлиси онҳо қарор дошта, аз ҳама нақшаву ниятҳои онҳо бохабар ва дар ҷабҳаи иттилоотии  онҳо хизмат мекард ва аз гуфти худаш то ҷое ба мувафаққияҳо низ дастёб гардида буд….

Вале баъдтар  андешаи ӯ дигар гаштаву дар бораи пешвоёни имрӯзаи опозитсия чунин менависад:  «Имрӯз майдон пур аз ҳашарот гашааст. Онҳо мехоҳанд таърихро мардум фаромӯш кунад. Ин бетаҳорату бенамозҳо, ин бегузаштаву бе хотираҳо ….., куҷо қадри Ватан, қадри озодӣ ва қадри муборизаро медонанд. Имрӯз боз ҷавонони соддадили навро ба ба майдон мехонанд. Ба Аврупо даъват мекунанд… Бовар накунед ба онҳо.. ҳама ҳарфашон дурӯғ аст, Намози онҳо дурӯғ аст, мусалмонии онҳо дурӯғ аст, Одамияти онҳо дурӯғ аст».

Бале, мо ҳам ба ҳамин андешаем, ки ҳама кори онҳо саропо дурӯғ аст, чунки онҳо тавбашикастагонанд.

Овардани матлаби боло ба он мақсад аст, ки гуфтанием: “ҳой ҷавонон, соддагӣ накунед, бовар накунед ва ҷони ширини худро қурбони ин номусулмонҳо ва дасисабозҳо насозед, чунки оқибати  ҳамаи он вой аст,  мисле, ки Додоҷони Атоулло бо пушаймонӣ ба ин хулоса баъди 27 сол расидааст.

Азизи Мирзо