ПАЁМИ ПЕШВОРО ГӮШ ДОДАМ...

Қатори тоҷикони рӯи олам,

Паёми Пешворо гӯш додам.

Будам онгуна муштоқи паёмаш,

Ки гӯи гӯш буд кулли вуҷудам.

Муассир инқадар буди каломаш,

Ки бедор менамуд ҳар тору пудам.

Ба шевои дарии тоҷикона,

Намуда роҳ бар халқаш  дамодам.

Ки то обод созем мо Ватанро,

Чу фарзандони як оила бо ҳам.

Ҳама аз як гиребон сар кашида,

Намоем зиндагии хубу хуррам.

Зиҳи тоҷик ба ин сарвар ки дорӣ,

Сазад фахри миёни насли одам.

Сазад то бо сарафрозӣ бигӯӣ,

Ки ман Тоҷикаму олинажодам.

Пас аз он ки шунидам ман паёмро,

Зи хурсандӣ Худоро месутудам.

Ки моро дода ин гуна саодат,

Ба шукри неъматаш сар дар суҷудам.

Дӯстмурод Меликов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи

Домулло Шарифи шаҳри Ҳисор.