6-УМИ МАЙ-ОҒОЗИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Дар ҷаласаи навбатии Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози моҳи шарифи Рамазон, ҳаҷму меъёри закот, садақаи Фитр ва фидяи савм муайян карда шуд. Ҳамин тавр, Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуд, ки мувофиқи ҳисобҳои илмӣ аввали моҳи шарифи Рамазон дар соли 2019 ба рӯзи душанбе, 6-уми май рост меояд.

Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 20 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шудааст, ки аз он 500 сомонӣ закот дода мешавад.

Садақаи фитр ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 48 сомонӣ (барони онҳое, ки тавони бештари молӣ доранд) муайян гардидааст.

Фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки барои сиҳатшавиашон умеде нест, 300 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шудааст.

Хатми Қуръони карим дар масҷидҳои кишвар тибқи имконоти мавҷуда дар ҳудуди як пора дар намозҳои таровеҳ гузаронида мешавад.