ҶАМЪОМАДИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Имрӯз дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур роҳбарият, намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.

Баъд аз садо додани Суруди миллӣ маҳфили идонаро муовини Раиси Кумита Фаррухулло Олимзода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, дар идома намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мавзӯи нақши Конститутсия дар таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон маърӯза намуданд. Дар охир аз ҷониби маърӯзачиён ва ҳозирин доир ба нуктаҳои алоҳидаи Конститутсия табодули назар сурат гирифт.