БАРГУЗОРИИ ҶАШНВОРАИ БАЙНИ ДИНҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Душанбе плаза” бо ташаббуси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ Ҷашнвораи байни динҳо ба кори худ оғоз намуд.

Ҷашнвораро ҳамоҳангсози барномаи Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон Лола Олимова ифтитоҳ бахшида, баргузории ин чорабиниро дар роҳи ҳамзистии осоиштаи миёни адёну мазоҳиб дар кишвар муҳим арзёбӣ намуд.

Дар идома Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода суханронӣ намуда, ташаббуси Кумита ҷиҳати баргузории ин ҷашнвораро идомаи мантиқии талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонд ва  бо такя ба манобеи шаръӣ иброз дошт, ки ислом ҳамеша ҷонибдори ба ҳам омадани инсонҳо ва мушоракати онҳо дар анҷом додани корҳои нек ва ободоию осоиштагии мардум мебошад.

Дар расми ифтитоҳи ҷашнвора Директори намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ Абахон Султоназаров ва Диркетори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода суханронӣ намуданд.

Дар рафти ин ҷашнвора суханронии коршиносону намояндагони динҳои гуногун дар назар аст.