ТАҚДИМИ ТУҲФАҲОИ СОЛИНАВӢ БА ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ ХОНАИ КӮДАКОНИ №2

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ҳошияи сиёсати инсонпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Соли нави 2020 ба 82 тарбиятгирандаи хонаи кӯдакони №2 шаҳри Душанбе туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид. Инчунин, бо дархости Кумита ҳунармандони Театри давлатии ҷумҳуриявии “Лухтак” бо барномаҳои ҳаҷвии солинавӣ хотири кӯдаконро шод гардониданд.