Дар асоси талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи нашргардида дар ҳафтаномаи “СССР” зери унвони “Редаксия супориш дод: Қабули раис рав”-ро мавриди муҳокима қарор дод.
Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва ба роҳ мондани робитаи наздик бо шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти Кумита рӯзҳои чоршанбе ва шанбе ҳамчун рӯзи қабули шаҳрвандон муайян карда шудааст. Тибқи тарбит ва талаботи қонунгузорӣ, Раиси Кумита ва муовинон дар рӯзҳои зикршуда шаҳрвандонро қабул карда, муроҷиатҳои онҳоро баррасӣ менамоянд.
Бояд иброз намуд, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз ҷониби худи муроҷиаткунанда нодида гирифта шудааст. Зеро тибқи талабот муроҷиаткунанда уҳдадор аст, ки ному насаби дуруст, ҷои истиқомат ва дигар маълумотро ба таври саҳеҳ пешниҳод намояд. Аммо худи хабарнигор рӯирост иқрор мешавад, ки ман худро “донишҷӯ” вонамуд кардам...
Ҳамзамон, бояд зикр кард, ки тибқи тартиб дар рӯзи шанбе Раиси Кумита ва муовинони ӯ рӯзи қабул доранд ва раванди қабули шаҳрвандон танҳо бо қабул намудани Раиси Кумита маҳдуд намешавад.
Аммо асли масъала он аст, ки муроҷиати шаҳрванд комилан қабул ва баррасӣ гардида, дар дафтари қайди муроҷиатҳо сабт шудааст. Шаҳрванд дар рӯзи қабул дар назди муовини Раиси Кумита Мирзозода А.Ф. дархост кардааст, ки мехоҳад доир ба мавзӯи мубориза бо ифротгароиву терроризм мусоҳиба орояд. Муовини Раиси Кумита номбурдаро ба назди мутахассиси соҳа фиристодааст ва худи муроҷиаткунанда дар матлаб иқрор мекунад, ки суҳбат кардааст. Пас, дар ин ҳолат, оё муқаррароти қонунгузорӣ аз сӯи кадом ҷониб бештар нақз шудааст?
Гузашта аз ин, аз сӯи шахси муроҷиаткунанда, ки дар асл рӯзноманигор аст, талаботи моддаи 29-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” нодида гирифта шудааст.
Дар моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” омадааст: “Зимни муроҷиати шифоҳӣ муроҷиаткунанда бояд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро пешниҳод намояд...”. Аммо ҳатто ҳамин талаботи оддӣ аз сӯи “донишҷӯ” анҷом дода нашудааст.
Дигар ин ки ҳадафи асоси ба роҳ мондани рӯзи қабули шаҳрвандон шунидани арзу шикояти шаҳрвандон аст, на анҷом додани мусоҳиба. Барои анҷом додани мусоҳиба дар ҳар рӯзи дигар низ Маркази матбуотии Кумита омода мебошад.
Дар умум, аз ҷониби роҳбарияти Кумита талаботи муроҷиаткунанда қонеъ карда шудааст, аммо дар матбуот маълумоти бардурӯғ нашр гардидааст. Зеро дар рӯзи қабули шаҳрвандон Раиси Кумита шахсан муроҷиати чандин шаҳрвандро қабул ва баррасӣ кардааст, аммо бо дарназардошти муҳтавои муроҷиат хабарнигорро муовини Раиси Кумита қабул намудааст.
Бо дарназардошти ин нуктаҳо, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар барои ҳамкорӣ бо намояндагони ҳамаи воситаҳои ахбори омма изҳори омодагӣ намуда, пешниҳод менамояд, ки ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна сӯитафоҳум нашри матлабҳои марбут ба самтҳои фаъолияти Кумита он бо мақоми ваколатдор мувофиқа карда шавад.
Маркази матбуотии Кумитаи дин,
танзими анъана ва ҷашну маросими назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон