9 ҚОНУНШИКАНӢ ДАР 20 РӮЗ

Новобаста аз анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросим ҳанӯз ҳам ҳолатҳое ба назар мересад, ки шаҳрвандони кишвар талаботи қонунгузориро дар вақти анҷом додани ҷашну маъракаҳо ба назар намегиранд. Махсусан, вақтҳои охир риоя нагардидани талаботи қисми 6-уми моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” нисбатан бештар ба назар мерасад.
Дар давоми моҳи апрели соли равон танҳо аз ҷониби кормандони Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 ҳолати нақзи муқаррароти талаботи моддаи болозикри қонун ба қайд гирифта шуда, нисбат ба ин ҳолатҳо протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Зимнан, тибқи Қонун маросими қайди давлатии ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳо бо истифодаи на бештар аз 4 автомашинаи сабукрав гузаронида мешавад.