«Хона ба хона»: Бо ин усул 25 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 25 гурӯҳи корӣ таъсис додааст. Ин гурӯҳҳо бо мақсади  андешидани тадбирҳои бетаъхиру самаранок доир ба гузаронидани корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ ва фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгири бемории коронавирус таъсис ёфтаанд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Гурӯҳи мазкур аз ҳисоби муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳо ва фаъолони ноҳия ташкил гардида, суҳбату вохӯриҳо бо усули «Хона ба хона» дар маҳаллаҳои Варзоб-ГЕС, Сабзазор, Чашмасор, Проектний, Амиршоев, Заргар, Умари Хайём, Сари Осиё, Холов, Телман, Заҳматобод, Азизбеков баргузор гардиданд.

Аъзои ин гурӯҳҳо ба аҳолӣ фаҳмонида истодаанд, ки имрӯз дар тамоми давлатҳои  ҷаҳон одамон  чӣ гуна аз бемории COVID -19  азият мекашанду он сабаби марги ҳазорон нафар гардидааст. Мардум бояд донанд, ки ҳарчанд ки ин беморӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо ин набояд боиси фориғболии мардум гардад.

Аъзои гурӯҳи мазкур инчунин зимни вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимии №11, 6, Литсей барои бачагони болаёқати №3, муассисаҳои томактабии №8, 5, 121 оид ба пешгирии паҳншавии вируси COVID-19, риояи гигиенаи шахсӣ,  ҳолати санитарию гигиении хона, ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, сабзазоркунӣ, ниҳолшинонӣ, таъмири хонаю дар, тозаву озода намудани ҳавлӣ, кӯчаю маҳалла, танзими тӯю маъракаҳо ва аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ дар байни занону ҷавонон суҳбат намуданд.