МУЛОҚОТИ РАИСИ КУМИТА БО НАМОЯНДАГОНИ СОЗМОНИ ҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ

Имрӯз дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати Кумита бо намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баргузор гардид. Дар оғоз Раиси Кумита Сулаймон Давлатзода намояндагони Созмон Патрик О-Конор ва Олег Стороженкаро хайрамақдам гуфта, барои талошҳои ин ниҳоди ҷаҳонӣ дар роҳи мубориза бо бемории сироятии “Ковид-19” изҳори сипос намуд. Дар навбати худ Патрик О-Конор ба талошу тасмимҳои Кумита дар роҳи пешбурди корҳои тарғиботӣ ва пешгирӣ аз бемории сироятӣ баҳои мусбат дод.

Раиси Кумита С. Давлатзода бо дарназардошти вазъи пешомада аз намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хоҳиш намуд, ки тавсияҳои худро вобаста ба тартиби дафни шаҳрвандоне, ки бо сабаби бемории сироятӣ мефавтанд, пешниҳод намоянд. Аз ҷумла, Раиси Кумита иброз дошт, ки хуб мешуд, дар ҷараёни шустани майит ва дафни он ба қадри имкон талаботҳои фарҳангию мазҳабӣ ба эътибор гирифта шавад. “Бо риояи ҳамаи талаботи гириенӣ дидани рӯи майит, ғусл додан ва дар қабр ниҳодани он аз ҷониби ҳадди ақал яке аз шахсони наздикаш миёни ҷомеаи мо бисёр ҳассос мебошад. Вобаста ба ин мавзӯъ, мо мавқеи Созмонро донистан мехостем”- иброз дошт Раиси Кумита.

Дар идома Сулаймон Давлатзода бо ишора ба он ки теъдоде аз ҳамватанони мо дар шароити хона табобат мегиранду эҳтимоли фавт низ вуҷуд дорад, хостори тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ вобаста ба тартиби дафни майит дар шароити хона гардид.

Намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Патрик О-Конор пешниҳодҳои Раиси Кумита Сулаймон Давлатзодаро муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки рӯзҳои наздик намояндагони Созмон дар доираи ҳисоботе тавсияҳои худро вобаста ба масоили зикршуда баён хоҳанд дошт.