РӮЗИ ИДИ РАМАЗОН МУАЙЯН КАРДА ШУД

Имрӯз Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо содир намудани як қарор санаи иди саиди Рамазонро муайян намуд.

Дар қарори Шӯрои уламо омадааст, мувофиқи ҳисоби илмӣ иди саиди Рамазон дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи якшанбе, 24-уми май таҷлил карда шавад.

Инчунин, дар ин қарор гуфта мешавад, вобаста ба шароити пешомада, ки аз ихтиёри мо берун аст, ҳар як намозгузор дар вақти намози ид дар манзили худ ба зикру ниёиш ва дуруду дуо машѓул шавад.

Тибқи ин қарор бо дарназардошти вазъи кунунӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ садақаи фитр ба ниёзмандону бенавоён ва закот дар баробари ба ниёзмандону маъюбон, ятимон, инчунин ба суратҳисоби махсуси ёрӣ ба беморони COVID-19 дода шавад.