ЭЪЛОН!

 

КУМИТАИ ДИН, ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Сардори шуъбаи молия ва хоҷагии Кумита – 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ,  ихтисоси ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

  •  4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 1533,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

2. Мутахассиси шуъбаи молия ва хоҷагии Кумита- 1 ҷой

 

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

Маоши мансабӣ 768 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Барои иштирок дар озмун аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин
талаб карда мешаванд:

 

-ариза ба номи Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милли назди Ҳукумати ҶТ;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли №038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

-эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молу мулкии худ;

-маълумотнома аз ҷои истиқомат;

-маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд)

 

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи таъминоти ҳуқуқи ва кадрҳои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21-рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд.

       Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ -14, индекс: 734013, (992 372) 23-12-58

       Сомонаи Кумита  -  www.din.tj , сомонаи Агентии хизмати давлатӣ - www.ahd.tj