МАСҶИДИ “САРИОСИЁ” БА 40 ОИЛАИ ЗАРАРДИДАИ ХУРОСОН КУМАК НАМУД

Имрӯзҳо иттиҳодияҳои динии кишвар анҷом додани корҳои хайру савобро ба роҳ монда, ба қадри имкон талош мекунанд, то ба қишри ниёзманд кумаки худро расонанд.

Аз ҷумла, 19-уми майи соли равон аз ҷониби масҷиди ҷомеи “Сариосиё”-и ш. Душанбе бо роҳбарии сархатиби масҷид Искандаршо Умаров ба 40 оилаи аз офати табии зарардидаи деҳаи Неъматулло Асадуллои ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон кӯмаки моддӣ аз қабили ашёи рӯзгор ва маводи озуқа ба маблағи беш аз 25 ҳазор сомонӣ расонида шуд.